Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 12. ТАТБИҚ ВА НАЗОРАТИ СТРАТЕГИЯ

Вақте ки системаи умумии назорат танҳо зерсистемаи стратегӣ ва тактикиро дар бар мегирад, он гоҳ байни ду навъи назорат тафовутҳои асосии зерин дида мешавад (ниг. ба ҷадвали 12.3).

Ҷадвали 12.3. Тавсифи назорати стратегӣ ва тактикӣ.

Нишондиҳандаҳо
Назорати стратегӣ
Назорати тактикӣ

Муҳит
Берунӣ ва дохилӣ
Дохилӣ

Шакли
идоракунӣ
Стратегӣ
Тактикию оперативӣ

Ҳадафҳо
Дастгирии иқтидори стратегӣ
Таъмини фоиданокӣ ва хароҷоти
тактикию оперативӣ

Вазифаҳо 1. Муайян намудани мавқеи мушкили берунӣ ва дохилии стратегия.
2. Назорати нишондиҳандаҳои асосӣ тибқи ҳадафҳои стратегӣ.
3. Назорати иҷрои қарорҳои стратегӣ.
4. Иштирок дар танзими ҳадафҳои стратегӣ.
5. Иштирок дар коркарди стратегӣ.
6. Таҳлили самаранокии стратегӣ.
7. Рефлексияи стратегӣ.

  1. Назорати нишондиҳандаҳои тактикӣ.
  2. Назорати банақшагирии ҷорӣ ва оперативӣ.
  3. Муқоисаи нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва воқеии идоракунии тактикӣ.
  4. Назорати иҷрои нақшаҳои ҷорӣ аз рӯи омилҳои қафомонӣ.
  5. Муайян намудани нуқтаҳои нозуки идоракунии тактикӣ.
  6. Ташкил ва рушди системаи иттилоотии таъмини идоракунии тактикӣ.

Чӣ тавре ки аз нақшаи 12.3 маълум аст, фарқи асосии назорати стратегӣ аз тактикӣ (оперативӣ) дар он аст, ки назорати тактикӣ асосан дурустии вазифа ва корҳои алоҳидаро баҳо дода, фаъолияти ҷории ташкилотро оид ба аҳамияти воқеии нишондиҳандаҳои мушаххас думболагирӣ мекунад.

Назорати стратегӣ бошад, дар навбати аввал равиши татбиқи стратегияи умумӣ, имконият ва ба мақсад мувофиқ будани амали стратегияи супоришшударо нишон дода, тавассути стратегияи мазкур имконияти принсипнокии ҳадафҳои асосии стратегӣ ва миссияи ташкилот баҳогузорӣ карда мешавад.

пешина
аз 469
навбатӣ