Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тамоми самтҳои идоракунии тағйироти стратегии дар ин боб баррасишуда бояд дар шакли барномаи амали мушаххас омода карда шавад. Дар асоси таҳияи И. Ансофф ва бо дарназардошти муносибатҳои концептуалӣ чунин барнома метавонад шаклеро гирад, ки дар ҷадвали 12.2 нишон дода шудааст.

12.3. НАЗОРАТ ВА ТАТБИҚИ САМАРАНОКИ СТРАТЕГӢ

Баҳогузорӣ ва назорати иҷрои стратегия раванди мантиқан баанчомрасида дар идоракунии стратегияи амалишаванда аст. Раванди мазкур алоқаи мутақобиларо дар байни раванди ба ҳадафрасӣ ва ҳадафҳои дар пеши ташкилот мавҷудбуда таъмин мекунад.

Назорати стратегӣ

Назорати стратегӣ ин зерсистемаи менеҷменти стратегӣ буда, вазифаҳои таҳлили стратегии банақшагирӣ ва ислоҳи стратегияро ба ҳам мутобиқ мекунад; фаъолияти тамоми системаро дар умум назорат мекунад, ҳамчунин зерсистемаи таъминоти иттилоотии стратегиро рушд медиҳад ва назорат мекунад.

Назорати стратегӣ барои равшанӣ андохтан он ки оё дар оянда стратегияи қабулшударо татбиқ намудан мумкин аст ва татбиқи он барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта оварда мерасонад, нигаронида шудааст. Тасҳеҳи натиҷаҳои назорати стратегӣ ҳам ба стратегияи татбиқшаванда ва ҳам ҳадафҳои ташкилот метавонад мутааллиқ бошад.

Ба вазифаҳои асосии назорати стратегӣ инҳо дохил мешаванд:
• назорати раванди татбиқи стратегияи умумӣ;
• ташаккул ва рушди системаи иттилоотии таъмини идоракунии стратегия;
• мониторинги системаи индикатор-нишондиҳандаҳои стратегӣ, аз он ҷумла аз рӯи муҳити беруна ва дохила дар алоҳидагӣ;
• таҳлили стратегии ибтидоии унсурӣ ва интегралӣ;
• муқарраркунии ибтидоии мавқеи танқидии стратегияи ташкилот;
• иштирок ва дар пеш гузоштаи ҳадафҳои стратегӣ;
• иштирок дар таҳлили дуюмбораи стратегӣ ва рефлексияи стратегӣ;
• ҳамоҳангсозии ҳамаи марҳилаҳои идоракунии стратегӣ чун раванди тамоми унсурҳои менеҷменти стратегӣ.

Вазифаҳои дар боло зикргардидаи назорат метавонанд дар сохтори ташкилии ташкилот ба таври гуногун тақсим шаванд. Аксаран назорати стратегӣ зерсистемаи низоми умумии назорати ташкилотро дар худ таҷассум мекунад.

пешина
аз 469
навбатӣ