Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

борҷомагардида оғоз намуданд. «Марс» бо маҳсулоти нав ва маъракаҳои тарғиботӣ ба фаъолияти ин ширкатҳо зарбаи ҷавобӣ зад, аммо дар мавриди мавқеи пешинаи худро барқарор карда тавонистани ширкат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд ва ё баръакс ба таназзул рафтани он хулоса намудан барвақт аст.

Аз рӯи баҳодиҳии воқеӣ ширкати «Марс» ташкилоти манфиатнок аст. Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, имрӯз роҳбарияти ширкат боварӣ дорад, ки ба мавқеи пештара бармегарданд. Мунтазам тағйир ёфтани сохтори таъсирҳои беруна яке аз сабабҳои нокомии ширкат ба шумор меравад. Дар натиҷа, барои қабули қарорҳои дуруст мушкилоти зиёд ба миён меоянд, аммо менеҷерҳои ширкат бояд ҳамаи кӯшиши худро барои баҳодиҳии муҳит равона намуда, чораҳои заруриро пешбинӣ намоянд.

Ин амалҳо қисми стратегияи ширкат мебошанд.

САВОЛҲО:

  1. Кадом қувваҳои беруна ба ширкати «Марс» таъсири бештар мерасонанд ва барои чӣ?

  2. Ба ақидаи Шумо, барои мутобиқ намудани ҷонибҳои пурқувват ва заиф бо муҳити беруна ва хатарҳо ширкати «Марс» бояд кадом мавқеъро ишғол намояд?

  3. Дар назди ширкати «Марс» кадом проблемаҳои соҳибкорӣ, техникӣ ва маъмурӣ меистанд?

  4. Кадом намуди стратегияро ширкати «Марс» нигоҳ медорад: ҳимоя, пешравӣ ё муҳофизат?

12.7. ТЕСТҲО БАРОИ БОБИ IV

@1. Хусусиятҳои хоси қарорҳои стратегӣ:
$А. Аз рӯи хислати худ инноватсионӣ;
$В. Барои ҳалли вазифаҳои мушаххас равона карда мешавад;
$С. Аз рӯи хислатҳои худ объективӣанд;
$D. Алтернативҳои бисёр муайян.

@2. Хатои зуд-зуд такроршаванда ҳангоми татбиқи стратегияи нав:
$А. Набудани захираҳои зарурӣ; $B. Беқобилиятӣ ва набудани хоҳиши амалӣ сохтани банакшагирии стратегӣ; $С. Хуб надонистани бозори беруна; $D. Стратегияи нав ба таври автоматӣ ба сохтори кӯҳна вогузошта мешавад.

пешина
аз 469
навбатӣ