Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Ин ҷо сухан дар бораи ҳавасмандии кормандон нисбати тағйироти стратегӣ, мутобиқшавӣ ба маданияти нави корпоративӣ, таъмини маблағгузориҳои мувофиқ ва ғайра меравад.
Дар таҷрибаи соҳибкорӣ муносибатҳои гуногун нисбати идоракунии ҷараёни тағйироти стратегӣ мавҷуд аст. Таҳлилгарони ширкати машваратии ADL 5 муносибатҳои асосиро қайд менамоянд (Ҷадвали 12.1).
Дар асоси амалияи MBL (омӯзиши менеҷмент) ташкилоти омӯзишигиранда тағйироти стратегиро худ ба худ амалӣ намесозад, баръакс ба ҷустуҷӯи мунтазами онҳо ва дар фаъолияти худ барои чӣ гуна истифода намудани тағйирот машғул мебошанд.
Ба ҷузъҳои асосии чунин омӯзиш дохил мешаванд:
• Омӯзиши дар тил;
• Рушди қобилияти дарёфти диди умумии стратегии ояндаи ташкилот, инчунин омӯзиши тарзҳои мувофиқи дастовардҳои он;
• Омӯзиши малакаи дастрас намудан ва ё аз байн бурдани тамоми омилҳои манфӣ дар фаъолияти ташкилот, аз ҷумла омилҳое, ки барои инкишофи босуръати стратегии ташкилот монеагӣ менамоянд;
• Ташаккул ва мукаммалгардонии малакаҳои таҷрибавии кормандон ҳамчун активҳои муҳими ташкилот;
• Омӯзиши системаи муосири ақидаронӣ, ки тамоми самтҳои фаъолияти ташкилот, аз ҷумла самти стратегии онро самаранок пеш мебарад.
Барои ташкилот идоракунӣ ба воситаи тағйироти асосии стратегӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар ин ҷо махсусиятҳои асосӣ инҳоанд:
-
Тағйироти асосии стратегӣ инҳо роҳнамояндагони махсуси стратегӣ мебошанд. Ҳамчун система онҳо дар худ тағйироти ҷалбкунанда, яъне мазмуни тамоми стратегияи навро таҷАССУМ менамоянд. Аз ин ҷо, ҷузъи якуми системаи идоракунии тағйироти асосии стратегӣ ин тақсимоти мушах-хаси онҳо ва нишон додани он ҳамчун заминаҳои афзалиятноки идоракунӣ ба шумор меравад;
-
Таваҷҷуҳи афзалиятнок ба тамоми захираҳои мавҷуда ва истифодаи мувофиқи онҳо;
-
Назорати самаранок аз болои рафти татбиқи на танҳо ҳар як ҷузъи асосии тағйироти стратегӣ ва тамоми системаи он, балки аз рӯи он ки татбиқи амалии мазкур воқеан дар худ ҳамаи тағйироти системавии зарурӣро таҷассум мекунад;
-
Барои механизми идоракунии тағйироти асосии стратегӣ дар ҷараёни татбиқи онҳо бояд алоқаи маҳдудгардидаи мутақобила мавҷуд бошад;
-
Тағйироти асосии стратегиро тағйироти хос номидан низ мумкин аст, зеро ки барои дар амал татбиқ намудани онҳо пейсафии махсуси стратегӣ талаб карда мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо