Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи муҳими ҳар як механизми идоракунӣ аз бартараф намудани муқовиматҳо иборат мебошад. Сабабҳои асосии муқовиматҳо чунинанд:
-
Якум, тамоми тағйирот, ҳатто тағйироти на чандон назаррас метавонанд норозигии одамонро ба амал оранд. Муқовимат ба тағйирот на танҳо бемисл, балки проблемаи муҳим ба шумор рафта, таҳлили маҷмӯӣ ва диққати махсусро тақозо менамояд;
-
Дуюм, бояд он далелро ба инобат гирифт, ки татбиқи стратегия дарҳол баъди таҳияи он амалӣ намешавад. Ташаббусҳои стратегия бояд бо амалҳои барои татбиқи он нигаронидашуда роҳандозӣ гарданд;
-
Сеюм, сарчашмаи муқовимат одатан ба қабул накардани ғояҳои менеҷменти стратегӣ аз ҷониби одамон ё стратегияи ташаккулёфта алоқамандӣ надорад, гарчанде ки ба амал омадани чунин алоқамандӣ вуҷуд дорад. Чун қоида, ба амал омадани муқовимат бо сабабҳои амиқи худ, ба мисли: серкорӣ ва масъулият барои оянда, тағйир ёфтани хусусияти кор, тағйири тарзи ҳаёт ва ғайра мумкин аст.
Ба ғайр аз муқовимати инфиродӣ, ки метавонад бисёр босуръат бошад, муқовимати гурӯҳӣ барои ташкилот метавонад ҳам аҳамият ва ҳам хатари зиёд дошта бошад.
Махсусиятҳои бартараф намудани муқобилиятҳо бо махсусиятҳои зерсохторҳои гуногун ва самтҳои фаъолияти ташкилот сахт алоқаманд мебошанд.
Ҷадвали 12.1. Муносибат ба идоракунии раванди татбиқи тағйироти стратегӣ.
| Номи муносибат | Саволи асосии стратегӣ барои роҳбар | Нақши калидии топ-менеҷерҳо |
|---|
- Авторитарӣ (роҳ- бар) | Стратегияи мувофиқ чӣ тавр ташкил карда мешавад? | Мутахассиси кордони банақшагирии стратегия
- Назораткунанда (назоратчӣ) | Стратегия чӣ тавр татбиқ мегардад? | Ташкили низоми назо- рат
- Ҳамкорӣ (шарик) | Чӣ тавр менеҷерон ба ра- ванди кор ҷалб карда ме- шаванд? | Ҳамоҳангсозони асосӣ
- Маданияти кор- поративӣ (сарвари фарҳангӣ) | Чӣ тавр тамоми кормандон ба раванди кор ҷалб карда мешаванд? | Тренерони таълимди- ханда
- Чемпионӣ (мураб- бии чемпионҳо) | Менеҷеронро чӣ тавр бояд ҳавасманд кард? | Арбитражи ғолибон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо