Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
-
Сохтори ташкилӣ ва дигар сохторҳо. Мушкилоти ибтидоиро дар алоқамандии «стратегия - сохтор» стратегияи идоракунии муосир ҳал менамояд: стратегия нисбати муносибат ба сохтори ташкилӣ ва инчунин ҳамаи дигар сохторҳои ташкилот дар мадди аввал қарор дорад. Аз ин ҷо, дар заминаи мутобиқатӣ бо стратегияи нав ба воситаи тағйироти мувофиқ бояд сохтори ташкилии ташкилот, сохтори системаи идоракунӣ, молиявӣ ва ҳамаи сохторҳои дигар гузаронида шаванд;
-
Таъминоти молиявӣ ва дигар таъминоти захираҳо. Таъмини пурарзиши зарурии молиявии тағйироти алоҳидаи стратегӣ ва тағйироти маҷмӯии он аҳамияти махсус дорад. Воситаи самараноки иҷрои ин ҳолати молиявӣ буҷаи стратегии ташкилот ба шумор меравад. Тағйироти стратегӣ дар баробари маблағгузорӣ бояд бо дигар захираҳои зарурӣ пурра таъмин карда шавад;
-
Салоҳият ва малака. Тағйироти мувофиқ дар салоҳияти асосӣ, ки бартарии стратегии рақобатро таъмин месозанд, аҳамияти муҳим доранд. Тағйироти асосии стратегӣ дар тағйироти стратегӣ мавқеи махсусро ташкил медиҳанд, ки татбиқи онҳо чунин маъно дорад:
- Амалӣ намудани тамоми тағйироти асосӣ, ки бо стратегияи умумии марбута алоқаманданд;
- Татбиқи амалии тамоми системаи тағйироти муҳими стратегӣ, зеро ки амалинамоии тағйироти асосӣ дар худ амалӣ намудани тамоми тағйироти боқимондаро, ки барномаи стратегӣ онҳоро пешбинӣ менамояд, инъикос месозад.
Идоракунии раванди татбиқи тағйирёбии стратегӣ
Идоракунии раванди татбиқи тағйирёбии стратегӣ дар расми 12.5 нишон дода шудааст.
Расми 12.5. Идоракунии ҷараёни татбиқи тағйироти стратегӣ.
Амалан ҳама вақт татбиқи стратегияи нав бо бартараф намудани муқовиматҳои гуногун, ки ба тағйироти дохили ташкилот мутобиқат доранд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо