Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 12. ТАТБИҚ ВА НАЗОРАТИ СТРАТЕГИЯ

Ҳама гуна тағйирот маънои аз як ҳолат ба дигар ҳолат гузаронидани объектро доранд. Тағйироти стратегӣ ташкилотро аз як ҳолати стратегӣ ба дигар ҳолати стратегӣ мегузаронанд. Инкишофи манфиатноки ташкилот ба он вобастагӣ дорад, ки дар вақти мунтазам сурат гирифтани ҷараёнҳои гузариш аз ҳолати мавҷуда ба ҳолати дигар, рушди устувори сифатноки мусбати стратегӣ ба амал меояд. (Расми 12.4).

Расми 12.4. Модели тағйироти стратегӣ.

Маъмулан ба самтҳои асосии тағйироти стратегӣ инҳо дохил мешаванд:

  1. Маълумотрасонӣ ва ҳавасмандии кормандон. Амалӣ намудани тағйирот фаъолияти мураккаб ба шумор меравад. Кормандон арзиш ва сармояи асосии ташкилот мебошанд, аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳоро бо ахборот ва маълумоти зарурӣ, аз ҷумла доир ба тағйироти стратегӣ сари вақт огоҳ намуд. Дар баробари ҳавасмандиҳои моддӣ бояд дигар навъи ҳавасмандиҳо бо мақсади баланд бардоштани ҷалби коргарон барои иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда амалӣ карда шаванд;

  2. Пешсафӣ ва усули менеҷмент. Дар амалӣ намудани ҳам тағйироти стратегӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи системаи он, кормандон бояд рафтори пешсафиро дошта бошанд ва дар иҷрои он фаъолона иштирок намоянд. Дар ин раванд роҳбарони баландпоя ва ҳамқидаҳои онҳо бояд мавқеи назаррас дошта бошанд;

  3. Арзишҳои заминавӣ ва маданияти корпоративӣ. Дар ташкилотҳои муътадил фаъолияткунанда ягон тағйироти стратегӣ наметавонанд арзишҳои заминавии онро тағйир диҳанд. Аммо тағйироти стратегиро бояд мутобиқи ин арзишҳо амалӣ намуд ва мувофиқатии принсипалии онҳоро исбот намуда, самтҳои нави ин арзишҳоро бояд нишон дод;

пешина
аз 469
навбатӣ