Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Сеюм, фарқияти назарраси ҷараёни иҷрои нақшаи дарозмуддат чунин омилро дар бар мегирад: иҷрои маъмулии нақшаҳои мушаххас.

Бо стратегия одатан кор дигар хел ҷараён мегирад. Ҷараёни муосири татбиқи стратегия аз марҳилаи аввали амалигардонии он ин на танҳо ибтидои иҷрои стратегияи қабулгардида, балки оғози ҷараёни ояндасозӣ, яъне стратегияи ояндаи ташкилот мебошад.

Аз ҳолатҳои аввали татбиқи амалии стратегияи расман қабулгардида ба воситаи алоқаҳои мутақобилаи системаи менеҷменти стратегӣ маълумот оид ба натиҷаҳо ворид мегарданд ва дарҳол механизми тафаккури ин натиҷаҳо шурӯъ мегардад. Дар ин маврид тамоми таҳлили стратегӣ ба кор медарояд.

Ҳамин тариқ, оғози ҷараёни татбиқи стратегияи корпоративӣ, ки дар худ баанҷомрасии як марҳилаи рушди стратегиро инъикос менамояд, дар як вақт оғози марҳилаи дигари рушд ба шумор меравад.

Ба ғайри ин, фарқияти назаррас аз ҷараёни одии иҷрои нақшаи дарозмуддат бо фарқияти принсипиалии байни ду модели умумии дар доираи онҳо равандҳои мазкур амалишаванда асос ёфтааст.

Ба ҷараёни иҷрои нақшаи дарозмуддат ва нақшаи стратегӣ модели менталии «аз гузашта ба оянда», ба татбиқи стратегия бошад, ҳамчун ҷузъи системаи менеҷменти стратегӣ модели менталии «аз оянда ба ҳозира ва баръакс» хос мебошад.

12.2. ИДОРАКУНИИ ТАҒЙИРОТИ СТРАТЕГӢ

Тағйироти стратегӣ

Барои татбиқи самараноки ҳар як стратегияи мушаххас бояд, ки тағйироти мувофиқ дар ҳамаи соҳаҳои марбута ва самтҳои фаъолияти ташкилоти мазкур амалӣ карда шаванд. Тағйироти стратегӣ мақсадҳои худӣ ба шумор намераванд. Дар тиҷорати воқеӣ мисолҳои зиёди фаъоли- ятномоии бобарор дар заминаи ҳамон як стратегия, яъне бе ягон тағйирот вуҷуд доранд. Инро бо ду роҳ фаҳмонидан мумкин аст. Якум, устувории тиҷорат ва раванди эътидолии он маънои интихоби дурусти стратегияро мефаҳмонад. Дуюм, чунин ҳолатҳо объекти идоракунии стратегиро дар худ инъикос менамоянд, аммо онҳо воситаи рушди стратегия ба шумор намераванд, ки бо тағйироти марбутаи муҳити берунаи ташкилот асоснок гардидаанд.

Тағйироти стратегияи ташкилот, тағйироти мувофиқи муҳити беру- наи рақобати он, зарурати объективӣ мебошанд. Муҳим будани чунин тағйирот бо тамоюлҳои воқеии муосир, ки стратегияи дурнамои амиқтари ҳар гуна бозорро нишон медиҳанд, вобаста мебошанд. Ҳамин тариқ, тағйироти стратегӣ ин муҳтавои асосии тарҳи ҳама гуна стратегия аст.

пешина
аз 469
навбатӣ