Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 12. ТАТБИҚ ВА НАЗОРАТИ СТРАТЕГИЯ

Аввалан, сифати гузаришро аз стратегия ба барномаи тактикии рушдро дар бар мегирад. Дувум бошад, дар маҷмӯъ сифати таъйиноти стратегӣ ин ба андозаи қатъӣ сифати худи стратегияи корпоративӣ ва низоми тамоми идоракунии стратегияи ташкилот маҳсуб меёбад.

Сарҳадҳои стратегия, яъне бо чизи мавҷудае ки стратегияи корпоративӣ ба анҷом мерасад.

Стратегияи корпоративӣ бо ҳамаи сохтори дохилиаш, ҳам дар қисмҳои зерсохторҳои асосӣ (бизнесҳои алоҳида, самтҳои функционалӣ ва ғайра) ва ҳам дар мавқеъҳои мушаххаси стратегӣ бояд бо дастурҳои стратегии зерсохторҳо ба анҷом расонида шавад. Беҳтар аст, агар дастурҳои стратегӣ дар шакли қаблан муайянгардида пешниҳод карда шаванд.

Дастурҳои стратегӣ ин ҷузъи стратегия мебошанд, ки ба монандӣ дастурҳои мушаххас, аниқ ва мукаммали идоракунию технологӣ барои комилан амалӣ намудани бизнес-нақша ё бевосита қабул намудани қарорҳои манфиатноки идоракунии тактикӣ мусоидат менамоянд.

Нофаҳмиҳо оид ба он ки ҷараёни татбиқи стратегия фаъолияти маъмули иҷрои нақшаи дарозмуддатро инъикос менамояд, хеле паҳнгардида мебошад. Чунин нофаҳмиҳо ва хатоҳо дар навбати худ ба амалҳои хато дар таҷриба оварда мерасонанд.

Сабаби хатоҳо дар он инъикос мегардад, ки дар ҳақиқат, ҷараёни маъмули иҷрои нақшаи дарозмуддат ва ҷараёни стратегия бо таври назаррас аз якдигар фарқ мекунанд.

Якум, ҷараёни муосири татбиқи стратегия аз рӯи мазмуни худ амали эҷодӣ ба шумор меравад, ки ҳатман гузаронидани мониторинги натиҷагириҳои татбиқи стратегия, инчунин сохтори чандирии ислоҳи онро дар шакли тағйироти саривақтӣ пешбинӣ менамояд.

Дар ин замина танҳо як маҳаки дурустӣ барои ҳамаи тағйироти стратегӣ вуҷуд дорад, ки аз комёбии тиҷорат ва самаранокии интиҳоии дастовардҳои он иборат аст.

Ҳамин тариқ, фарқияти якуми назарраси ҷараёни татбиқи стратегия аз ҷараёни иҷрои нақшаи дарозмуддат дар мавҷудияти муносибати эҷодӣ ва алоқаи мутақобилаи самараноки инъикос мегардад.

Дуюм, махсусияти марҳилаи татбиқи стратегия омиле ба шумор меравад, ки дар марҳилаи ҳозира кадом чизи фаъол рух медиҳад ва ҳамаи шароитҳои эҷодӣ ва таҷрибаҳои муҳими татбиқ барои стратегияи мазкур ва стратегияи ояндаи ташкилот роҳандозӣ карда мешаванд.

пешина
аз 469
навбатӣ