Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Маҳз ҳамин стратегия пешбинӣ карда иборат мебошад, ки дар марҳилаи муайян амалӣ мешавад.
- Хотимаи стратегия. Мувофиқи назарияи менеҷменти стратегӣ ислоҳи амиқи стратегияи татбиқшаванда доимӣ амалӣ карда мешавад. Он дар намуди тағйироти мушаххаси зарурӣ, ки дар тартиботи рӯзи воқеӣ ҳам дар қисми иҷтимоишудаи стратегияи ташкилот ва ҳам аз рӯи стратегияи умумӣ зоҳир мешавад.
Ҳар як тағйироти мушаххас фақат ба ду шакли босифати гуногуни стратегӣ тааллуқ дорад.
Тағйироти шакли якум ин тағйиротест, ки дар раванди татбиқи стратегияи мушаххаси мазкур амалӣ гардида, дар ҳудуди сифати махсуси ибтидоӣ қарор дорад, яъне натиҷаҳои ҷории босифати стратегияи ибтидоӣ мебошад.
Тағйиротҳои шакли дуюм ин тағйиротест, ки аз рӯи муҳтавои худ аз ҳудуди сифати махсуси ибтидоии он берун мебарояд, яъне натиҷаи босифати ҷории стратегияи нав мебошад.
Аз гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки ҳар як ташкилот дар ҷараёни фаъолияти худ на танҳо марҳилаҳои гуногуни тактикӣ, инчунин дар асоси стратегия фаъолияти гуногуни рушди худро аз сар мегузаронад.
Маҳз ҳамин гуна гузаришҳои стратегӣ дигаргуниҳои низомии стратегӣ, яъне гузариш аз як стратегияи муайян ба стратегияи дигари босифат маҳсуб мегарданд.
Ҳамин тавр, дар менеҷменти стратегӣ сарҳади аниқи хотимаи стратегия набояд мавҷуд бошад. Дар ташкилот қобилияти пешбинӣ ва фарқ карда тавонистани дигаргунсозиҳои қайдшудаи стратегияи шакли якум ва дуюм ва ҳамчунин ба таври касбӣ гузаштан аз як стратегия ба дигараш яке аз лаҳзаҳои мураккаби менеҷменти стратегии ташкилот мебошад.
Таъйиноти стратегӣ. Ҳангоми гузариш аз стратегияи корпоративӣ ба барномаи умумии ташкилот сарҳади стратегия мавқеи муҳим дорад.
Дар ин ҷо зери мафҳуми сарҳад низоми муайяни таъйиноти стратегӣ дар назар дошта шудааст.
Гузариши бевосита аз менеҷменти стратегӣ ба менеҷменти тактикӣ ба воситаи нишондодҳои стратегӣ амалӣ карда мешавад.
Шарти муҳими алоқамандии самараноки стратегия ва тактика ин идоракунии технологии нишондодҳои стратегӣ мебошад.
Муҳиммияти махсуси ҳудудҳо бо он асоснок карда шудааст, ки сифати пурмуҳтаво ва технологии таъйиноти стратегӣ, яъне сифати таъйиноти технологӣ чун унсури технологияи менеҷменти дар ташкилот амалкунанда,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо