Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 12. ТАТБИҚ ВА НАЗОРАТИ СТРАТЕГИЯ

Ширкат тағйири самт намояд, вазифаҳои идоракунӣ аз нигоҳи ояндаи ширкат метавонад таҷдиди назар карда шавад. Вобаста ба таҷриба ва пешомадҳои оянда ҳадафҳои ширкат метавонад тағйир ёбад. Тағйирёбии пешгӯиҳои рушди ширкат, ҳадафҳои ҷадид, ноустувориҳо дар бозор водор месозад, ки ба стратегия ислоҳ дароварда шавад.

Вазифаҳои ширкат, мақсад, стратегия, ё ки муносибат ба амалишавии стратегия марҳилаи таркибҳои табиӣ ва зарурии раванди идоракунии стратегӣ маҳсуб мегарданд.

Ҷустуҷӯи роҳҳои иҷрои муваффақонаи стратегия доимист. Азбаски баъзе ҷанбаҳои татбиқи стратегия ба таври бояду шояд амалӣ намегарданд, бояд ба стратегия ислоҳҳо ворид карда шаванд. Аслан, роҳи тараққиёт мушкил аст, дар баъзе самтҳо зудтар, дар бархе дигар сусттар сурат мегирад. Баъзе вазифаҳо осон иҷро мешаванд, баъзеи дигарашон, баръакс ба мушкилӣ дучор меоянд.

Иҷроиши стратегия аз якҷоя намудани қарор ва амалиёти гуногуни роҳбарият оид ба ташкили фаъолияти гурӯҳҳои алоҳида ва ҳар як корманд оғоз мегардад. Таҷдиди назар кардани буҷет, дигаргункунии сиёсат, азнавташкилкунӣ, ивазкунии кормандон, беҳтарсозии маданияти корпоративӣ, дигаргункунии технологияҳо ва раванди истеҳсолот – ҳамаи ин аз амалҳои муқаррарии менеҷер мебошад, ки барои беҳтарсозии фаъолияти стратегӣ мусоидат менамоянд.

Марҳилаҳои татбиқи стратегия

Татбиқи стратегия иҷрои се марҳилаи асосиро дар назар дорад:

  1. Саршавии стратегия. Дар ин марҳила ҳар як сатҳи менеҷменти ташкилот бояд вазифаҳои худро иҷро кунад. Дар ин ҷо нақши асосиро қарори менеҷерҳои беҳтарин иҷро менамоянд.

Менеҷерони беҳтарин таҳлили ниҳоии муҳити берунаи ташкилотро дар муқоиса бо варианти пешниҳодшудаи стратегияи корпоративӣ мегузаронанд. Ҳамчунин онҳо ислоҳи стратегияро тавассути ба он ҷорӣ намудани тағйироти зарурӣ амалӣ менамоянд.

Пас аз ислоҳи хотимавӣ стратегияи умумӣ аз тарафи роҳбарияти олии ташкилот тасдиқ гардида, баъдан ба тамоми ташкилот фармони дар амал оғоз намудани татбиқи стратегия дода мешавад.

Пас аз оғози расмии ҷараёни татбиқи стратегияи мушаххаси корпоративӣ дар ҳамаи сатҳҳои ташкилот ва зерсистемаҳои он дар доираи салоҳияти мувофиқ доир ба амалишавии системавии стратегияи мушаххаси мазкур чораҳои зарурӣ дида мешавад.

  1. Тағйироти асосии стратегӣ. Дар ин марҳилаи татбиқи стратегия мазмуни асосии фаъолият аз амалӣ намудани тағйироти асосии стратегии
пешина
аз 469
навбатӣ