Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Вазифаи стратегия иборат аз он аст, ки барои фаъолияти бонизоми стратегия ва риоя намудани муҳлатҳои татбиқи он кадом кор ва чорабиниҳоро амалӣ намуд.
Бо тарзи дигар қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин ҷо санъати корбарӣ аз баҳодиҳии дурусти муайян намудани макони стратегия, иҷрои касбии он ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас иборат аст. Фаъолияти амалӣ нисбати иҷрои стратегия, пеш аз ҳама, ба вазифаҳои маъмурӣ дохил мешавад, ки омилҳои зеринро дар бар мегиранд:
• Ташкил намудани имкониятҳои хусусияти ташкилидошта барои иҷрои стратегия;
• Идоракунии буҷет бо мақсади самаранок ҷойгиркунонии воситаҳо;
• Муайян намудани сиёсати ширкат, ки татбиқи стратегияро таъмин менамояд;
• Ҳавасмандгардонии кормандон барои фаъолияти нисбатан самаранок; аз рӯи зарурат, иваз намудани вазифаҳои онҳо ва хусусияти кори онҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои назаррас оид ба татбиқи стратегия;
• Алоқаманд намудани ҳаҷми мукофотпулиҳо бо дастовардҳои натиҷаи ба нақшагирифташуда;
• Ташкили муҳити мусоид дар дохили ширкат барои иҷрои самараноки мақсадҳои гузошташуда;
• Ташкили шароитҳои дохилӣ, ки ба кормандон шароитҳои самаранокро барои иҷрои намудани вазифаҳои стратегӣ таъмин месозад;
• Истифодаи таҷрибаи афзалиятноки муосир барои беҳтар намудани фаъолият;
• Таъмини роҳбарии дохилӣ барои татбиқи стратегия ва назорат аз болои он ки стратегия бояд чӣ гуна татбиқ карда шавад.
Мувофиқатии байни ташкили кор дар дохили ширкат ва омилҳои самаранок татбиқ намудани стратегия, ширкатро пеш аз оғози нақшаҳои худ ба воҳиди ягона табдил медиҳад.
Вазифаи иҷрошавии стратегия ин қисми мураккаб ва заҳматталаби идоракунии стратегия мебошад, ки қариб ба воситаи ҳамаи сатҳҳои идоракунӣ мегузарад ва бояд дар қисми бештари фаъолияти ширкатҳо ба инобат гирифта шавад. Иҷрошавии стратегия ин маҷмӯи амалиётест, ки барои баланд бардоштани фаъолнокӣ дар самтҳои ташкилӣ ва молиявӣ, ташкили маданияти корпоративӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон, роҳбарӣ ба он чизҳое, ки барои амалӣ гаштани натиҷаҳои назаррас равона гардидаанд, ба монанди баҳогузории фаъолият, таҳлили самтҳои нав ва ислоҳкунӣ мусоидат менамояд.
Ҳамаи чор вазифаҳои қаблӣ чандин маротиба таҷдиди назар мешаванд. Пайдоиши доимии ҳолатҳои нав амалӣ намудани ислоҳро талаб менамоянд. Самти дарозмуҳлати рушд мумкин аст тағйир ёбад, фаъолияти

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо