Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 12. ТАТБИҚ ВА НАЗОРАТИ СТРАТЕГИЯ

дани таҳдидҳо ва ҷонибҳои заифро ба имкониятҳо табдил додан, иборат мебошад;
✓ Барор – яъне муборакфолӣ, мукофоти тақдир

Дар амалияи татбиқи стратегия бояд ба чор савол ҷавоб гӯем: Чӣ кор мекунем? ҷавоби ин савол ифодаи ҳадафҳои фаъолият аст.
• Кӣ инро мекунад? ҷавоби ин савол таҳияи барномаи амалро дар на- зар дорад.
• Барои чӣ онҳо инро мекунанд? Дар ин ҷо бояд тарафи молиявии амалиёт, аз ҷумла буҷети стратегия ва роҳҳои ҳавасмандии иҷро- кундагонро ба назар гирифт.
• Кӣ инро иҷро мекунад? Вақте барнома, иҷрокунандагон ва васоити дар ихтиёрдоштаашон (ва ё надоштаашон) муайян аст, мо роҳҳои амалиётро ва аниқ нишон медиҳем.

Барои татбиқи самараноки стратегияи дилхоҳ се шарти принсипиалӣ пешниҳод мегардад, ки ҳатман риоя бояд шаванд:

  1. Менеҷерони ҳамаи сатҳҳо дар бозорҳо стратегияи ташкилотро дар шакли системаҳо ва дастурҳои амиқи стратегӣ бояд дошта бошанд ва дастурҳоро дар мувофиқат бо нақшаи фаръии ҷории татбиқи тағйироти стратегӣ амалӣ намоянд;

  2. Ҷиҳатҳои асосии стратегияи корпоративӣ ва махсусан дастурҳои ҷории стратегии он бояд ба самти ҳамаи кормандон расонида шаванд;

  3. Ҳавасмандии кофии ҳамаи кормандони ташкилот ҷиҳати амалӣ намудани стратегияи мазкур бояд истифода шавад.

Раванди татбиқи стратегия аз раванди анъанавии иҷрои нақшаи дароз- муҳлат моҳиятан фарқ мекунад. Пеш аз ҳама, ин амалиёти эҷодиест, ки он иҷрои мониторинги натиҷаҳои татбиқ ва низоми чандирии ислоҳро дар намуди тағйироти мувофиқ ва зарурӣ талаб менамояд. Ҳамчунин барои ҳар кадом тағйироти стратегӣ танҳо як меъёри дурустӣ мавҷуд аст, ки он ҳам бошад, тиҷорати бобарор ва самаранокии ниҳоии комёбӣ мебошад.

Тафовути якуми муҳими раванди татбиқи стратегия аз раванди иҷрои нақшаи дарозмуҳлат дар мавҷудияти ҳатмии муносибати эҷодӣ ва самаранокии алоқаи мутақобила иборат аст.

Тафовути дувуми муҳим ин аст, ки дар марҳилаи татбиқи стратегия бунёди фаъолу эҷодии ҳамаи шартҳои муҳими иҷрошавии стратегияи амалишаванда ва дигар ташкилотҳо ба амал меояд.

Тафовути сеюм дар он аст, ки раванди муосири татбиқи стратегия аз вақти аввали иҷрошавӣ ин на танҳо оғози иҷрои стратегияи қабулгардида, балки оғози раванди ташкили стратегияи ояндаи ташкилот аст.

пешина
аз 469
навбатӣ