Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Расми 12.3. Усули ҳолати дар татбиқи стратегия.

Ҳамин тавр, ташкилот бояд қобилияти ҷудо кардан ва тағйироти стратегиро ояндабинӣ карда тавонистан ва вобаста ба ин аз як стратегия ба стратегияи дигар гузаштанро донад, ки ин яке аз марҳилаҳои мураккаби менеҷмент мебошад.

Татбиқи самараноки стратегия ташкили муносиби чорабиниҳо, усулҳои ташкили тиҷорат, имкониятҳои ташкилотчигӣ, низоми мукофотдиҳӣ, маданияти корӣ (корпоративӣ)-ро талаб мекунад. Дар ҷараёни татбиқи стратегия вазифаи асосӣ аз инҳо иборат аст:

  • бо салоҳиятҳо ва заминаи захиравӣ таъмин намудан;
  • захираҳоро ба шоҳаҳои асосии занҷираи арзишҳо тақсим кардан;
  • таҳияи сиёсат ва чораҳо оид ба дастгирии стратегия;
  • ҷорӣ намудани усули такмили доимӣ;
  • ҷорӣ намудани системаҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ ва ғайра;
  • коркарди низоми ҳавасмандгардонӣ барои ба ҳадаф расидан;
  • ташкили маданияти корпоративӣ ва низоми пешсафӣ.

Барои татбиқи бомуваффақияти стратегияҳо бояд, ки ин корҳо ба анҷом расонда шаванд:

  • стратегия дар шакли системаи дастурҳо пешниҳод шавад;
  • ҳамаи принсипҳои стратегия ба кормандон расонда шавад;
  • ҳавасмандии кифоӣ истифода карда шавад.

Дар умум татбиқи стратегия ба «қоидаи Панҷ У» такя мекунад:
Успех - муваффақият (стратегия) = Уместность - Муносиб + Уверенность - Боварӣ + Упорство - Истӯдагарӣ + Удача - Барор ✓ Муносиб — мувофиқати чорабиниҳои банақшагирифташуда ба дигаргуниҳои дохилию беруна бо назардошти «ҳисси мавқеъ» дар таҳаррук — «ҳис кардани суръат ва вазн»; ✓ Боварӣ — ин мушаххас донистани салоҳиятҳои ширкат ва инъикоси мавқеъҳои он дар «амалҳои стратегӣ»-и ногаҳонӣ мебошад; ✓ Истӯдагарӣ — ин хислати ҳангоми татбиқи стратегия аз мушкилиҳои аввалин наҳаросидани роҳбарияти ширкат, роҳҳои дигар ёфтан ва истифодаи тарафҳои пуркувват барои бартараф кар-

пешина
аз 469
навбатӣ