Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

12.1. ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯ

«Роҳ ба дарозии 10 ҳазор мил бо як қадам сар мешавад», гуфта мешавад дар зарбулмасали қадимаи чинӣ. Ин махсусан барои татбиқи стратегияи ширкатҳо тааллуқ дорад. Дар бисёри мавридҳо татбиқи стратегияҳо ин на «даъвои таърихӣ»-и роҳбарият ва «саъю кӯшиши қаҳрамонона»-и зердастон оид ба амалинамоии он аст, балки кори заҳматталаб оид ба гузаронидани самтҳои стратегӣ - беҳтарнамоии сифат, баланд бардоштани салоҳият, кам кардани хароҷот, пайдо намудани шарикони нав мебошад.

Моҳияти раванди татбиқи стратегияҳо

Нишонаи менеҷменти самаранок ин на танҳо ташаккули стратегияи баробар, балки татбиқи самараноки он ба шумор меравад. Дар амалия на ҳамаи стратегияҳои банакшагирифташуда метавонанд татбиқ гарданд. Аслан қисми бештари стратегияи татбиқгардида сараввал ба стратегияи таҳиягардида дохил нашуда буд. Бинобар ин, дар амал маҷмӯи стратегияи равшани бавуҷудомада татбиқ мегардад (расми 12.1).

Стратегияи амалишуда бояд ҳама вақт ҳам фаъол ва ҳам мутобиқшуда бошад. Вобаста ба ин раванди татбиқи стратегияҳо аз раванди иҷрошавии нақшаи дарозмуддат фарқ мекунад. Раванди татбиқи стратегия ин на танҳо оғози иҷрои стратегияи қабулшуда (расми 12.2), балки оғози ҷараёни бунёди стратегияи оянда мебошад (расми 12.3). Дар ҷараёни татбиқи стратегия тавассути алоқаи мутақобила маълумот дар бораи натиҷаҳо ворид мешавад ва механизми фаҳмонидани он ба кор оғоз мекунад (раванди рефлексияи стратегӣ).

пешина
аз 469
навбатӣ