Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 11. АЛТЕРНАТИВАҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯҲО

Мисоли мазкур нишон медиҳад, ки дар ташкилоти асосӣ, масъалаи саривақт расонидани маълумот, ҷамъоварии онҳо ва ба роҳбарият пешниҳод намудани ахбори зарурӣ нокифоя буда, ин омил барои қабули қарорҳои идоракунӣ таъсири худро мерасонад. Ин натиҷаи фаъолияти системаи ҳисобдории идоракунӣ мебошад. Мавҷуд набудани ҳисобдории идоракунӣ дар ширкат ва ё набудани маълумоти зарурӣ, кофӣ набудани маълумот, мукаммал набудани сарчашмаҳои маълумот ва шабакаҳои маълумотрасонӣ барои пешрафти устувор ва самараноки корбарӣ таъсир мерасонад.

САВОЛҲО:

  1. Стратегияеро, ки дар ҳолати кунунӣ интихоб шудааст, чӣ гуна номгузорӣ менамоянд? Ҷавобро бо нишон додани фарқиятҳо аз дигар навъҳои стратегия асоснок намоед.

  2. Шумо ҳолати фаъолияти ташкилоти мазкурро, ки дастовардҳои он ба татбиқи стратегияи номбаршуда вобастагӣ дорад, чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

  3. Ба ақидаи Шумо, кадом имкониятҳои берунаро ташкилот барои татбиқи стратегияи интихобшуда истифода намудааст?

  4. Аз нуқтаи назари Шумо бартариҳои рақобати ташкилот аз чӣ иборат аст ва ин бартариҳо мавҷуд ҳастанд ё не?

пешина
аз 469
навбатӣ