Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Соҳибмулкро фурӯхтани бизнеси худ ба осонӣ даст намедиҳад. Вазъияти холдинг муътадил аст. Барои қабули қарорҳо ва роҳҳои лозима барои устувории ҳолат ва такрор накардани камбудиҳо вақт мерасад.
Қарори 5: гузаронидани гуфтушунидҳо ва ба соҳибмулк пешниҳод намудани он ки аз гурӯҳи ширкатҳо набарояд ва фаъолияти худро дар шакли пештара идома диҳад.
Хатарҳо: эҳтимол дорад соҳибмулк аз ин қарор даст кашида, дар қарори худ қатъӣ бошад.
Буҷет: 0. Хароҷоти ночиз ҳисоб карда намешаванд.
Оқибатҳои дарозмуддат: ҳолати вобастагии ширкатро ба инобат гирифта, ба соҳибмулк имконияти фурӯхтани бизнеси худ муяссар намегардад. Вай дар ҳайати Шӯрои директорон дар ҳама марҳилаи фаъолияти холдинг боқӣ мемонад. Дивидентҳои худро мегирад, аммо дар идоракунии фаъолияти гурӯҳи ширкатҳо иштирок карда наметавонад, зеро ки муносибатҳо вайрон шудаанд. Ҳолати холдинг нисбатан устувор, аммо дар ҳайати роҳбарияти ширкат мавҷуд будани шахсиятҳои нобовар ва пешгӯинашаванда, бо гузашти вақт мушкилотро ба миён оварданашон мумкин аст ва фаъолияти холдингро зери хатари эҳтимолӣ қарор медиҳанд.
-
Қарори интихобгардида: қарори 4 ин ягона қарори интихобшудае мебошад, ки ҳолати устуворро таъмин намуда, амалҳои соҳибмулкоканорагирӣ ва барои қабули қарорҳо нисбати ҳавасмандии минбаъдаи холдинг мусоидат менамояд.
-
Тарзҳои назорати татбиқи қарори интихобшуда.
Ширкат ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба шумор меравад ва дастрасии роҳбарон ва мутахассисони холдинг ба маълумоти лозима нисбати фаъолияти молиявии он, бо татбиқи технологияҳои иттилоотӣ таъмин карда мешавад; системаи электронии гардиши ҳуҷҷатҳо; САИ 1С: идоракунии ташкилот ва ғайра, ки истифодаи онҳо барои ҳамаи аъзоёни гурӯҳҳои ширкатҳо зарур аст.
Дар система тамоми намуди почтаи электронӣ баста мебошад, ҳамаи мукотибаҳо бо почтаи электронии корпоративӣ таъмин карда мешавад, ҳамаи мубодилаи иттилоотӣ ба қайд гирифта шуда, бойгонӣ карда мешаванд. Системаи маъмурӣ ва раванди техникии шабакаи электронӣ аз маркази асосии холдинг таъмин карда мешавад.
Ҳамин тариқ, бо таъмини маълумоти зарурӣ оид ба фаъолияти молиявӣ мутахассисони ширкатҳо имконият пайдо менамоянд, ки ҳолати ҳисобдории муҳосибӣ ва вазъи ҳисоботи идоракуниро дар ташкилот фавран таҳлил намоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо