Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
барҳам додани бизнес кӯшиш намояд. Бо дарназардошти гардиши гурӯҳи ширкатҳо баргардонидани маблағи харид мушкил нест.
Қарори 2. Соҳибмулк, дар ҳақиқат, фаъолияти худро давом дода наметавонад ва агар холдинг нахоҳад, ки ҳиссаи онро харидорӣ намояд, пас вай маҷбур аст, ки бизнеси худро ҳатто бо нархи паст фурӯшад. Аммо ҳолати воқеии баъдина аз рӯи варианти 1 имконпазир мегардад.
Буҷет: 0 (дар як марҳилаи муайяни вақт имкон аст, ки таназзул рух диҳад).
Оқибатҳои дарозмуддат: ҳангоми иҷрои қарор вазъият аз назорат мебарояд ва таъсиррасонӣ ба оқибати он ногувор аст. Хатари ноустувории фаъолияти ширкат ба миён омада, дурнамои фаъолияти гурӯҳи ширкатҳо мушкил мегардад, барои муроҷиат намудан ба холдинг бо мақсади соҳиб намудани ҳиссаи худ таъсири иловагии беруна пеш меояд.
Қарори 3: гурӯҳи ширкатҳо саҳмияҳоро аз соҳибмулк бо нархи нисбатан арзонтар дастрас менамоянд.
Хатарҳо: соҳибмулк ба ин шартҳо розӣ намешавад ва ҳисоб мекунад, ки ташкилот даромаднок аст ва ин нарх онро қонеъ гардонида наметавонад.
Буҷет: 5 млн. сомонӣ – нархи маслиҳатшуда.
Оқибатҳои дарозмуддат: хароҷот намудани маблағ аз фикри сарвари холдинг берун намеравад, ҳатто бо нархи маслиҳатшуда. Ҳангоми иҷрои ин қарор як қатор маҷмӯи ҳолатҳо пешбинӣ карда мешаванд: фаъолгардонии захираи ширкат-паст рафтани музди маош – ихтисори кормандон – эътирози фармоишгар- барҳам додани ширкат- аз даст додани устувории холдинг...
Қарори 4: фаъолияти иқтисодию молиявии ширкатро бо мақсади тасдиқи ҳуҷҷати хароҷоти он таҳлил намуда, бо ин ба соҳибмулк исбот намудан лозим аст, ки эътирозҳои он асоснок нестанд.
Хатарҳо: камтар. Агар ягон номувофиқатӣ пайдо шавад ҳам, ин ба тафтиши мақомоти андоз оварда мерасонад, вале ин омил ба фаъолияти ташкилот ва кормандони он таъсири ҷиддӣ намерасонад.
Буҷет: 0, зеро ки гузаронидани таҳлили фаъолияти ташкилот аз ҷониби хадамоти дохилии холдинг ба назар гирифта мешавад.
Оқибатҳои дарозмуддат: фаъолият ва ҳолати ташкилот зери назорат қарор мегирад, фаъолияти ташкилот идома меёбад, сарвари холдинг барои иҷрои вазифаҳои худ имконият дорад, бо пудратчиёни сазовор муносибатҳои ҳамкорӣ ҷустуҷӯ ва дурнамо таҷдиди назар карда шуда, қарордодҳо ба тасвиб мерасанд ва иҷроиши онҳо таъмин карда мешавад. Муносибатҳои таранг бо соҳибмулк асос буда наметавонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо