Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
- Роҳҳои ҳалли масъала, таваккалҳои эҳтимолӣ, буҷет ва пешгӯйҳо.
Қарори 1: гурӯҳи ширкатҳо бояд аз соҳибмулки холдинг саҳмияҳоро аз рӯи нархи пешниҳоднамудаи он - 5 млн. сомонӣ дастрас намоянд.
Хатарҳо: нест. Фаъолияти холдинг ва ҳолати он нисбатан устувор боқӣ мемонад.
Буҷет: 5 млн. сомонӣ. Хароҷот барои харидорӣ намудани бизнеси соҳибмулк.
Оқибатҳои дарозмуддат: хариди бизнесро асоснок намуда, маблағи зиёд харҷ мешавад. Ин ба нақшаи тиҷорати холдинг дохил намешавад. Ноилоҷ фаъол гардонидаи захираҳои фурӯхташудаи ширкат ба паст рафтани суръатнокии ҳаҷми корҳо оварда мерасонад. Чунин пастравӣ фармоишгарро нигарон менамояд ва ниҳоят метавонад барои ивази пудратчӣ масъалагузорӣ намояд. Бо дарназардошти фурӯхтани самтҳои фаъолият (агар холдинг ягон қарордоди нав ба имзо нарасонад) за-рурати қатъ кардани фаъолияти холдинг ба амал меояд. Дар ин ҳолат фаъолияти устувори холдинг зери шубҳа қарор мегирад.
Қарори 2: саҳмияро аз соҳибмулк нахарида, барои амалӣ намудани бизнеси ӯ ба харидори номаълум имконият додан.
Хатарҳо: ҳадди ақал.
Қарори 1. Соҳибмулк зери фишори беруна ҳиссаи худро мефурӯшад, вале барои харидор миқдори маблағ фарқ надорад, аз ҳама асосӣ, хари-дор бояд ба фаъолияти гурӯҳи ширкатҳо имконияти таъсир расонданро пайдо намояд ва эҳтимол дар оянда барои ба даст овардан ва ё пурра

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо