Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

11.6. КЕЙС-ВАЗЪИЯТ

ИТТИҲОДИЯИ СТРАТЕГИ ВА АРЗИШИ ҲИСОБОТИ ИДОРАКУНИ

  1. Объекти ташхисшаванда.
    Холдинге, ки аз чордаҳ ширкат иборат аст, панҷ сол қабл ташкил гардидааст ва фаъолияти он ба соҳаи нақлиёт дахл дорад. Ҳар як ширкат вазифаи худро ба анҷом мерасонад ва фармоишгар нисбати муҳлатҳо ва сифати кор мухолифат ва ё эътироз надорад. Дар ин сурат пардохти саривақтии маблағҳо амалӣ карда мешаванд.

  2. Ҳолат.
    Дар фаъолияти холдинг бо дарназардошти дастрас намудани саҳмияҳои он як қатор мушкилиҳо пеш омаданд. Яке аз ширкатҳо нисбати масъалаи соҳиб гаржидан ба саҳмияҳо ба Шӯрои директорон мактуб ирсол намуд. Дар натиҷаи гузаронидани таҳлилҳо сарвари холдинги мазкур қарор қабул кард, ки бояд ҳолати баамаломада ба фаъолияти устувори холдинг таъсири манфӣ нарасонад. Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада хадамоти дохилии холдинг низ сафарбар карда шуданд. Зеро ки ҳамаи кормандони он барои вазъи мусоиди холдинг ҳавасманд мебошанд. Аммо роҳбари холдинг намедонад, ки чӣ гуна рафтор намояд, зеро чунин ҳолат якумин маротиба дар фаъолияти онҳо рӯй додааст.

  3. Муаммо.
    Ҳолат ба он оварда расонид, ки устувории холдинг зери хатар қарор гирифт ва ноустувории яке аз ширкатҳо ва ё пурра барҳам хӯрдани бизнес наздик буд.

  4. Персонажҳо ва мақоми онҳо.

  5. Сарвари холдинг - соҳиби 75 фоизи саҳмияҳои гурӯҳи ширкатҳо;

  6. Соҳибмулкони ширкат, ки мехоҳанд тиҷорати худро фурӯшанд соҳиби 20 фоизи саҳмияҳо;

  7. Гурӯҳи ширкатҳо - 14 ширкати холдинг;

  8. Харидори номаълуми эҳтимолии беруна;

  9. Аудиторҳои гурӯҳи ширкатҳо;

  10. Шуъбаи ҳуқуқи гурӯҳи ширкатҳо;

  11. HR-хадамоти гурӯҳи ширкатҳо;

  12. Директори генералии ширкати ман.

Дар ҳолати мазкур, пеш аз ҳама, бояд роҳбари холдинг омодагӣ гирад ва таҳлили фаъолияти холдингро пурра дар даст дошта бошад ва захираҳои кофиро доро буда, барои ҳалли масъалаҳои ба миёномада таҷрибаи кофии амалӣ дошта бошад.

пешина
аз 469
навбатӣ