Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
-
Интихоби стратегӣ таҳлили як қатор алтернативаҳои стратегиро дар бар мегирад, ки роҳи хубтари расидан ба мақсадҳоро пешбинӣ менамояд. Раванди интихоби стратегӣ аз коркард, мукаммалгардонӣ ва баҳодиҳии он иборат аст.
-
Қарорҳои стратегӣ муайян намудани мақсадҳои нав, вазифаҳо, самтҳо, сохторҳо, ҳаҷм, муҳлатҳои генералӣ ва тарзи глобалии иҷроиши корҳо, ҷо ба ҷогузории қувваҳои асосии корӣ, масъулиятнокии онҳо ва муносибати байниҳамдигарии кормандонро дар бар мегирад. Қабули қарорҳои стратегӣ дар шароити номуайянии муҳити беруна амалӣ гардида, маҳдудиятҳои муайянро пеш меорад ва таваккалҳоро зиёд мегардонад.
-
Таваккали стратегӣ ин имконияти пайдо шудани зарарҳо барои ташкилот дар натиҷаи хатоҳои интихоби стратегияи рушд ва амалӣ намудани фаъолият аст, ки ба тағйироти талаботи харидорон, тағйироти сиёсӣ ва танзимкунанда; тағйироти маркетингӣ ва бренд стратегияҳо, стратегияи коркард ва истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо дар бозор, модели додугирифт нисбати якҷояшавӣ ва фурӯбарӣ вобаста мебошанд.
11.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ
-
Стратегияи алтернативӣ чист ва ҷараёни ташкили маҷмӯи алтернативаҳои стратегӣ ба кадом зермарҳилаҳо ҷудо мешаванд?
-
Кадом омилҳо ҳангоми таҳлили ташаккули маҷмӯи алтернативаҳои стратегӣ ба назар гирифтан мумкин аст?
-
Иттиҳодияи стратегӣ чӣ маъно дорад ва кадом намудҳои онҳоро Шумо медонед?
-
Шаклҳои иттиҳодияҳои стратегӣ кадомҳоянд ва махсусиятҳои онҳо дар чист?
-
Кадом омилҳо интихоби стратегияи ширкатро муайян мекунанд?
-
Бо кадом муносибатҳо (мантиқ) ҳангоми интихоби стратегия такя менамоянд ва ҷараёни интихоби стратегия аз кадом марҳилаҳо иборат аст?
-
Мафҳуми принсипи «Алмоси Оккама» аз чӣ иборат аст?
-
Хусусиятҳои асосии қарорҳои стратегиро номбар намоед.
-
Фарқияти муносибати ратсионалӣ ва интуитивии қабули қарори стратегӣ дар чист?
-
Таваккалҳои стратегӣ чист ва ҳелҳои онҳоро номбар намоед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо