Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 11. АЛТЕРНАТИВАҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯҲО

Бояд қайд намуд, ки идоракунии самараноки таваккалҳои стратегӣ бе ташкили маданияти умумии бехатарӣ дар ҳамаи сатҳҳои сохтори иҷтимоии ҷомеа ғайриимкон буда, ин пеш аз ҳама, ба шахсиятҳое дахл дорад, ки қарорҳои стратегии давлатиро қабул мекунанд. Мантиқан ин вазифаи ташкили тафаккури миллӣ ва стандартҳои нави ташкилот ба ҳисоб мера- вад, ки таваккал мазмуни ҷаҳонбинӣ ва арзиши категорияҳоро маънидод менамояд. Азнавбаҳодиҳии арзишҳои ҷаҳонбинӣ дар худ байни табиат ва технология ҷустуҷӯ ва муқаррар намудани созишҳоро инъикос месозад.

Барои татбиқи амалии чорабинии идоракунӣ истифодаи механизмҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилию маъмурӣ мақсаднок аст.

Механизми идоракунии таваккалҳои стратегӣ бояд нисбати тағйирёбии ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти давлатдорӣ ва тиҷорати калон чандирӣ бо- шад. Мамлакати мо барои сармоягузориҳои беруна сиёсати дарҳои кушо- даро пеш гирифтааст, ки ин омил барои тағйироти мусбат дар иқтисодиёт ва сиёсат ва воридшавии маълумоти зарурӣ мусоидат менамояд ва суръати тағйироти сохториро вусъат мебахшад. Ин раванди ҷамъиятӣ тақозо менамояд, ки институтҳои амалкунанда ба шароитҳои нави бехатарии миллӣ мутобиқ гарданд.

11.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР

  1. Тибқи нуқтаи назари Ҳ.Минсберг, ҳангоми ташкили стратегия се амали асосӣ ба назар гирифта мешавад: соҳибкорӣ, алтернативӣ ё омӯзиш тавассути таҷриба ва нақшавӣ, ки бисёрварианта будани ташкили стратегияро муқаррар менамоянд. Тартиби ташкили маҷмӯи алтернативаҳои стратегӣ аз панҷ зерқисмат иборат аст: ташкил намудан - алтернативаҳои истифодаи имкониятҳо; - алтернативаҳои бартараф намудани хатарҳои муҳити беруна; - алтернативаҳои нигоҳдорӣ ва ис- тифодаи ҷонибҳои пуркуввати ташкилот; - алтернативаҳои бартараф намудани ҷонибҳои заифи ташкилот; - таҳлили сифатноки маҷмӯи алтернативаҳои стратегӣ.

  2. Иттиҳодияи стратегӣ ин ҳамкории байни ширкатҳо буда, захира- ҳои мавҷуда барои ҳадафрақӣ истифода карда мешаванд. Ташкили чу- нин иттиҳодияҳо дар се шакл сурат мегирад: қарордоди функционалӣ, харидории муштараки саҳмияҳо ва ташкили корхонаҳои муштарак; - иттиҳодияҳо саҳмдори ташкилотҳо, иттиҳодияҳо бо ташкил намудани ширкатҳои нав (корхонаҳои муштарак), консорсиум барои татбиқи лоиҳаҳои инвестисионӣ; - иттиҳодияҳои стратегӣ бо кооперацияи заиф.

пешина
аз 469
навбатӣ