Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Таваккалҳои стратегӣ

Таваккали стратегӣ ин эҳтимолияти дар ташкилот дар натиҷаи хатоҳои стратегияи рушд ва ба роҳ мондани фаъолият ба амал омадани зарарҳоро мефаҳмонад. Таваккалҳои стратегӣ ба тамоми самти фаъолияти ташкилот дахл менамоянд, ки одатан алоқаманданд ба:
• Тағйироти хоҳиши харидорон;
• Тағйироти сиёсӣ ва доимӣ;
• Стратегияҳои маркетингӣ ва брендӣ;
• Стратегияи коркард ва истеҳсоли мол ё хизматрасониҳо дар бозор;
• Моделҳои додугирифт нисбати якҷояшавӣ ва фурӯбарӣ;
• Стратегияи алоқамандии дарозмуддат бо қарордодҳо ва ҳамкорони рушд.

Вазифаи асосии менеҷменти таваккалҳо аз он иборат аст, ки бояд роҳҳои беҳтари идоракунии тиҷоратро бо дарназардошти хатар ва таваккалҳои эҳтимолӣ ёбад. Таснифоти таваккалҳо дар расми 11.9 нишон дода шудааст:

Аз ҳама чизи асосӣ дар сохтори мазкур ин таваккалҳои стратегӣ мебошанд. Дар бисёр мавридҳо маҳз таваккалҳои стратегӣ таъсири калон мерасонанд, гарчанде ки ташкилотҳо ба суғурта ва паст намудани хатарҳои тиҷоратӣ ва оперативӣ бартарӣ медиҳанд.

Махсусиятҳои принсипиалии навъҳои таваккали стратегӣ инҳоянд: якум, эҳтимолияти хусусиятҳои хатарҳо, ки на танҳо бо сарчашмаҳои мавҷудаи хатарҳо, балки ба ҳифзи нокифояи ҷамъият ва муҳити он маънидод карда мешаванд; дуюм, ченкунӣ ва тафсири миқдории хатарҳо; сеюм, қайд намудани он хатарҳое, ки барои бехатарии миллӣ ва рушди дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат таъсир мерасонанд.

Расми 11.9. Навъҳои таваккалҳои ширкат.

пешина
аз 469
навбатӣ