Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 11. АЛТЕРНАТИВАҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯҲО
Ҷадвали 11.5. Фарқияти қарорҳои стратегӣ аз оперативӣ.
№ | Қарорҳои стратегӣ | Қарорҳои оперативӣ
--- | --- | --- 1 | Аз рӯи хусусият дарозмуддат мебошанд | Аз рӯи хусусият кӯтоҳмуддат мебо-шанд 2 | Дар шакли умум ба ташкилот дахл доранд | Ба фаъолияти оперативӣ ташкилот ҷалб мешаванд 3 | Истифодаи маълумот дар шаро-ити сатҳи баланди номуайянӣ ва хатарҳои зиёд | Маълумоти оперативиро, ки нисба-тан аниқ аст, истифода менамоянд.
4 | Пешгӯии натиҷаҳо мушкил аст | Пешгӯии натиҷаҳо осонтар аст
Қабули қарорҳои стратегӣ на танҳо ба пешниҳод, баҳодиҳӣ ва инти-хоби роҳҳо мусоидат менамоянд, балки ин ҷараён дар шароити ноусту-вори муҳити беруна ба амал омада, мушкилӣ ва маҳдудиятҳоро барои банакшагирӣ ба миён меорад ва дараҷаи хатарнокиро зиёд менамоянд.
Боумен ва Эш (1987) ақидаҳои зеринро нисбати муайян намудани мураккабии қабули қарорҳо баён месозад, ки ба амал омадани камбудиҳои нақшаҳои стратегиро муайян менамоянд:
• хусусияти пешрафта доштани муҳити беруна нақшаҳои корпора-тивии ширкатҳои гуногунро бе арзиш мегардонад. Баъзан чунин нақшаҳо дар шакли истилоҳоти умумӣ ташкил карда шудаанд ва дар ин маврид онҳо арзишҳои худро то андозае нигоҳ медоранд;
• маълумотро дар сатҳу сифат ва ҳаҷми зарурие, ки барои амалӣ намудани таҳлили ҳаматарафаи муҳити дохилӣ ва беруна ва барои гу-заронидани тадқиқотҳои ниҳоии стратегияҳои алтернативӣ заруранд, дастрас намудан ғайриимкон аст;
• ташкили тартиби мунтазами банакшагирӣ пайдоиши ғояҳои радикалӣ, вале самаранокро метавонанд барканор намоянд;
• ҳангоме ки нақшаи корпоративӣ аз ҷониби мутахассисони банақшагиранда тартиб дода мешаванд, менеҷерони қаторие, ки бояд ин нақшаҳоро амалӣ созанд, дар бисёр маврид норозигии худро нисбати қарорҳое баён месозанд, ки дар қабули онҳо иштирок надоштанд. Ба ғайр аз ин, кормандони шуъбаҳои банақшагирӣ ба маълумоти зарурие, ки менеҷерҳои қаторӣ доранд, дастрасӣ надоранд;
• мушкилот дар бисёр маврид ҳангоми амалӣ намудани тартиби нави банақшагирии корпоративӣ ба миён меоранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо