Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. ба ташкилот барои таъмини алоқаҳо бо муҳити беруна мусоидат намудан;

  2. ба назар гирифтани захираҳои худии ташкилот;

  3. тасаввурот оид ба тағйироти калон дар сохтори фаъолияти ташкилот;

  4. ташкилот бояд хулоса намояд, ки кадоме аз номуайяниҳои мураккабро бояд ба назар гирад;

  5. муносибати ҳамаҷониба нисбати идоракунии ташкилот, ки қарорҳои стратегии фаъолияти идоракунандагонро дар минтақаҳои ғайрикории онҳо ва дар мувофиқа бо дигар назарҳои дурнамои фаъолияти ташкилот пешбинӣ менамояд;

  6. ҳадафи дурдошта; онҳо дурнамои дарозмуддатро ба эътибор гирифта, мазмуни фаъолияти дарозмуддатро доранд;

  7. алоқамандӣ ба баҳодиҳӣ ва интизории ширкаткунандагони асосӣ дар дохили ташкилот; қисми зиёди муаллифон бар он ақидаанд, ки ташкилот ин асоси муносибатҳо ва афкори шахсони обрӯманди ташкилот мебошад;

  8. таъсиррасонии ҷиддӣ ба захираҳо ва фаъолияти оперативӣ; онҳо ба базаи захираҳо таъсир расонда, барои қабули қарорҳои стратегии нисбатан сатҳи паст мусоидат менамоянд.

Нақшаи 11.8. Раванди қабули қарорҳои стратегӣ дар соҳаи молия

Тавсифҳои пешниҳодгардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки қарорҳои стратегӣ аз қарорҳои оперативӣ бо чӣ фарқ мекунанд. Мафҳуми фарқиятҳои мазкур дар ҷадвали 11.5 оварда шудаанд:

пешина
аз 469
навбатӣ