Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 11. АЛТЕРНАТИВАҲОИ СТРАТЕГИВӢ ВА ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯҲО

ташкилотҳои мушаххас ва рушди онҳо, марҳилаи алоҳидаи фаъолият вобаста мебошад. Аммо ҳолатҳои умумӣ ва муҳим вуҷуд доранд.

Якум, қарори қабулшуда ҳамчун барномаи комплексии фаъолияти дурнамо мебошад. Вай бояд фаъолияти самараноки ташкилотро бо роҳи ҳамоҳангсозии аниқ ва риояи мувозинати зарурӣ бо қисмҳои алоҳида, инчунин алоқаи беруна таъмин созад. Танҳо дар ин ҳолат ташкили кооператсияи устувор бо бартариҳои касбӣ муяссар мегардад. Қарори стратегӣ системаи тақсимоти дохилии меҳнат ва дар як вақт сифатнокии банақшагирӣ ва дигар муносибатҳои хусусияти ташкилидоштаро дастгирӣ менамояд.

Дуюм, хусусияти умумии қарорҳои стратегӣ хусусияти директивии онҳо мебошад. Он тартиби аниқ, дараҷаи баланди мувофиқакунонӣ дар фаъолияти қисмҳои алоҳидаи равандҳои ташкилӣ, интизоми баланди меҳнат, иҷрои саривақтӣ ва самараноки қарорҳои қабулшударо тақозо менамояд.

Сеюм, қарори стратегӣ ҳамеша барои бартараф намудани ихтилофот равона гардидааст. Дар назар мерасад, ки дар он ҷое, ки рушди ташкилот устуворона сурат мегирад, барои дахолат намудан ба фаъолияти корӣ зарурӣ намемонад. Аммо шароитҳои фаъолият мунтазам тағйир меёбанд, аз ин лиҳоз, ташкилот як мухолифатро бартараф намуда, чун қоида, метавонад ба мухолифати дигар дучор ояд.

Ҷадвали 11.4. Муносибатҳои марбут ба қабули қарорҳои стратегӣ.

МаҳакҳоМуносибати ратсионалӣМуносибати ҳиссиётӣ (интуитивӣ)
Такя баМантиқҲиссиёт
Арзишҳои махсусҚатъӣ ва мунтазамии ақидаронӣФавқулодда ва парвози хаёлот
Ба таҳлил халал мерасонадМаълумоти нопурраМоил ба стереотипҳо
Асоси қарорҳоҲисобҳоБаррасӣ
Ҳақиқат фарз мекунад, ба мислиОбъективӣ, қисман дар намуданСубъективӣ, қисман аз ҷониби бозингарон ташкилшаванда

Қабули қарорҳои стратегӣ

Хусусиятҳои асосии қарорҳои стратегиро, ки 9-то мебошанд, дида мебароем:

  1. инъикоскунандаи нуқтаи назари роҳбарият: нисбати он ки ташкилот бояд ба чӣ монанд ва ба чӣ машғул бошад;
пешина
аз 469
навбатӣ