Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бошад, баръакс, сохтаи буҷет одатан аз баҳодиҳии даромадҳои оянда, ки мизоҷони ҳозира метавонанд таъмин созанд, оғоз мегардад. Ин даромад сипас барои муайян намудани шумораи кормандон, фазои кории ширкат ва ғайра истифода мегардад.

Вақте ки Saatchi&Saatchi сохтори ташкили буҷетро, ки қаблан дар натиҷаи машваратҳо қабул гардида буд, ба роҳ монд, дар самти тиҷорати рекламаи ширкат ба амал омадани ҳолатҳои ногувор оғоз гардиданд. Оҷонсиҳои рекламавӣ пешгӯӣ намуданд, ки барои онҳо кормандони зиёд лозиманд, зеро ки онҳо ҳиссаи худро аз соҳаи босуръат тараққӣкунанда дастрас намуданд. Бо ин мақсад онҳо қарордодҳои иловагии дарозмуддатро барои биноҳои иловагии корӣ ба имзо расониданд ва бо ин роҳ хароҷоти дар як сатҳ қароргирифтаро зиёд намуданд. Мутаассифона, соҳаи рекламаро таназзул фаро гирифт ва рушди босуръати пешгӯӣшуда ба амал наомад. Дар вақте ки соҳа рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, Saatchi&Saatchi зиёда аз 350 млн фунт барои рӯпӯш намудани хароҷоти вобаста ба қитъаҳои нолозими иловагӣ сарф намуд.

11.3. ҚАРОРҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ХАТАРҲО

Мазмуни қарорҳои стратегӣ

Қарори стратегӣ ин натиҷаи таҳлил, ҷустуҷӯ, ҳисоббаробаркуниҳо, музокираҳо ва ақидарониҳои мунтазами қисми зиёди одамон мебошад, ки ба қатори онҳо соҳибмулкон, намояндаҳои топ-менечерҳо, таҳлилгарон, ташхисгарон, аз ҷумла ташхисгарони беруна дохил мешаванд. Чунин қарорҳо ба таҷрибанокӣ ва малака такя менамоянд, ки барои рушди самараноку ба пешгӯии ҳолатҳо мусоидат мекунанд. Дар ин маврид малакаи касбӣ ва нигоҳи эҷодкорона ба проблемаҳои мавҷуда ва тамоюл барои пайдо намудани ғояҳои ҷадид барои рушди ширкат ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас зарур аст.

Қарорҳои стратегӣ ин қарорҳои идоракуние мебошанд, ки:

  1. ба оянда нигаронида шудаанд ва барои қабули қарорҳои идоракунии операсивӣ замина мегузоранд;
  2. бо номуайяниҳои зиёд пайванд буда, омилҳои назоратнашавандаи берунаи ба ташкилот таъсиррасонандаро ба эътибор мегиранд;
  3. бо сафарбар намудани захираҳои зиёд алоқаманданд ва барои ташкилот оқибатҳои ҷиддии дарозмуддат доранд.

Ҳар як коллективи ташкилот ба қарори стратегӣ усули худро мегузорад, фикру андеша ва пешниҳодҳои лозимаро иброз менамояд. Муайян намудани махсусиятҳо бошад, ба шароитҳои фаъолияти гуногунранги

пешина
аз 469
навбатӣ