Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 11. АЛТЕРНАТИВАҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯҲО

Интихобҳои мазкур аз ҷиҳати шартҳо ба ҳамдигар алоқаманд буда, тағйироти яке аз онҳо ба тағйироти ҷузъҳои боқимондаи стратегия оварда мерасонад (расми 11.7.).

Мураккабии коркарди стратегияи бобарор дар он инъикос мегардад, ки аз як тараф, стратегия мунтазам тағйир намеёбад ва аз ҷониби дигар, ин маънои онро надорад, ки ин стратегия навовариҳои ҷадидро ворид нанамояд, бо чунин ҳолат стратегияи интихобшуда низ метавонад навовариҳо ва пешрафтҳои инноватсиониро пешбинӣ намояд. Моилшавии стратегия фаҳмиши аниқи рушди минбаъдаро тақозо менамояд. Вақте ки стратегия ба ҳолати воқеӣ мутобиқ мегардад, ин имконият медиҳад, ки ташкилот дар бозор мавқеи хубро ишғол намуда, бартариҳои рақобатии худро то ҳадди аксар самаранок истифода намояд.

Расми 11.7. Муносибатҳои гуногунҷанба нисбати таҳияи стратегияи корпоративӣ.

Натиҷаи манфии фаъолияти муштарак дар Saatchi&Saatchi

Дар охири солҳои 80-ум яке аз оҷонсиҳои бузурги реклама ва ширкати машваратӣ дар ҷаҳон Saatchi&Saatchi имкониятҳои васеъ намудани сохторҳои тиҷоратии худро хеле баланд арзёбӣ намуд. Махсусан, кӯшиши ширкатро барои дар самти реклама истифода намудани сохтори таҳияи буҷет қайд намудан зарур аст. Омода набудани ширкат ба ин вазъият онро дар ҳолати муфлисшавӣ қарор дод.

Дар тиҷорати хусусияти машваратидошта сохтани буҷети солона одатан, аз муайян намудани шумораи кормандоне, ки ширкат мехоҳад истифода барад, оғоз мегардад. Зеро ки дар ин ҳолат ҳар як мушовирро метавон ба ҳайси соҳибкори алоҳида қабул намояд. Дар бизнеси рекламавӣ

пешина
аз 469
навбатӣ