Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИ

таҷриба ин марҳилаҳоро ҷудо намудан душвор аст. Зеро ки онҳо дараҷаҳои гуногуни ҷараёни ягонаи таҳлилиро дар бар мегиранд. Аммо аз ҷиҳати муҳтаво, таъмини ахбор ва тавсияҳои лозима ин навъҳои идоракунии фаъолият махсусиятҳои худро доранд ва онҳоро бояд дар алоҳидагӣ баррасӣ намуд.

Дар марҳилаи аввал (таҳияи алтернативаҳои стратегӣ) стратегияҳое ташкил мегарданд, ки барои ҳадафрасӣ мусоидат менамоянд. Бо дарназардошти ин, коркарди ҳар чӣ бештари стратегияҳои алтернативӣ бо ҷалби на танҳо роҳбарон, балки менеҷерҳои сатҳи миёна зарур аст. Ин имконият медиҳад, ки доираи интихоби стратегия васеъ бошад ва вариантҳои хуб мавриди истифода қарор дода шаванд.

Дар марҳилаи дуюм (мукаммалгардонии стратегия) стратегия то сатҳи лозимаи мувофиқ ба мақсадҳо ва рушди ташкилот бо дарназардошти гуногунии он коркард мешавад ва дар ин замина стратегияи умумӣ ташкил мегардад. Ба ғайр аз ин, дар марҳилаи мазкур инкишофи ҳолати муҳити беруна ба инобат гирифта мешавад.

Марҳилаи сеюм (таҳлил/баҳодиҳии стратегия) таҳлили алтернативаҳоро дар доираи стратегияи умумии интихобнамудаи ташкилот дар бар мегирад ва бо дарназардошти мақсадҳо ва фаъолияти ташкилот онҳо баҳогузорӣ карда мешаванд. Стратегияи умумӣ бо муҳтавои мушаххас мукаммал гардида, аз рӯи самтҳои алоҳидаи фаъолият стратегияҳои инфиродиро ташкил мепамоянд.

Интихоби стратегӣ дар бозорҳои рақобат

Ташкилот ва чӣ гуна дар бозор рақобат намуданани онро стратегияи рақобат муайян менамояд. Чунин стратегия муносибати самаранокро таъмин месозад, ки барои намудҳои алоҳидаи фаъолият аҳамияти муҳим дорад. Дар ин раванд стратегияҳои самараноқ аз ҷиҳати самти фаъолият ва аз ҷиҳати имкониятҳои мавҷуда бояд хеле намоён бошанд. Самти стратегия бо чор роҳи интихоб амалӣ карда мешавад:

  • Соҳаи фаъолият - бозорҳо, ки бояд хизмат расонида шаванд ва сегментҳои истеъмолӣ, ки бояд ба даст оварда шаванд;
  • Бартариҳои рақобат – мавқеъе, ки тиҷорати мазкурро аз рақибон фарқ мекунонад;
  • Дастрасӣ ба бозор – мавҷуд будани коммуникатсия ва роҳҳои дигари зарурии воридшавӣ ба бозор;
  • Шакли фаъолият – муайян намудани ҳаҷми мавҷуда ва суръатнокии навъҳои фаъолият, ки бояд амалӣ карда шаванд.
пешина
аз 469
навбатӣ