Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 11. АЛТЕРНАТИВАҲОИ СТРАТЕГИ ВА ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯҲО

Бояд қайд намуд, ки дар вобастагӣ бо алоқаҳои муштарак байни соҳаҳо якчанд хели асосии стратегияи корпоративиро нишон додан мумкин аст: диверсификатсияи ба ҳам алоқаманд, диверсификатсияи ғайриалоқаманд ва стратегияи ҳамгироии амудӣ.

Стратегияи диверсификатсия аз ворид гардидани ширкат ба дигар соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ бо мақсади барҳам додани вобастагии зиёди гурӯҳи молҳо аз вазъи бозор иборат аст. Ҳангоми татбиқи стратегияи диверсификатсияи ба ҳам алоқаманди корпоративӣ фаъолияти навро ҷустуҷӯ менамояд, ки самаранокии синергия таъмин карда шавад.

Якум, аз ҳама стратегияҳои зерсохтори ташкилот як стратегияи муҳим (маҳсулот-маркетинг) қайд карда мешавад.

Дуюм, дар марҳилаи муосир яке аз шаклҳои ташкилшавандаи самараноки стратегияи корпоративӣ ин ташкили системаи идеалии стратегияи тиҷоратҳои алоҳидаи ташкилот мебошад.

Ҳамин тариқ, мантиқи дуюми ташкили стратегияи корпоративӣ ин мантиқи системаи стратегияи хелҳои алоҳидаи тиҷорат аст.

Сеюм, фаҳмиши стратегияи корпоративӣ ҳамчун маҷмӯи стратегияҳои функционалии фаъолияти ташкилот.

Бо тарзи дигар гӯем, мантиқи сеюми стратегияи корпоративӣ — мантиқи ташкили системаи стратегияи функционалӣ мебошад.

Бо дарназардошти фикрҳои дар боло қайдгардида дигар мантиқҳо ва принсипҳо, аз ҷумла таҳлили ибтидоӣ ва алоқамандии баъдии стратегияи корпоративӣ вуҷуд доранд.

Ҳамин тариқ, дар баробари омилҳои нишондодашуда «муносибати захиравӣ» нисбати стратегияи корпоративӣ самаранонок ҷараён мегирад.

пешина
аз 469
навбатӣ