Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ки ин қоидаҳо аз он вобастаанд, ки дар доираи тиҷорати стандартӣ ва махсусгардонидашуда мавқеи бозории ширкат ҷойгир аст.
Дар ҳолати якум ширкат ба истеҳсоли мол ва хизматрасониҳои одӣ ва паҳнгардида дар иқтисодиёти мазкур машғул мебошад. Ва дар ин ҳолат тафсилоти муҳими муайянкунандаи муҳтавои стратегияи вай, ҳудуди кор: аз маҳаллӣ то глобалӣ ба шумор меравад.
Дар ҳолати дуюм фаъолияти ширкат барои истеҳсоли мол ва хизматрасониҳое, ки баъзан ба назар мерасанд (ё умуман дар бозор вуҷуд надо- ранд), нигаронида мешавад.
Таҳлили вариантҳо ва интихоби стратегия
Бо дарназардошти он ки имрӯз дар шароити ноустувори муҳити бе- рунии ташкилот, ҳангоми мавҷуд будани имкониятҳои васеъ барои ди- версификатсия, корпорацияҳои гуногундараҷа амал мекунанд ва дар як вақт якчанд намудҳои фаъолиятро дар бозорҳо ва соҳаҳо ба роҳ мемо- нанд, дар мавриди интихоби стратегия бояд фаҳмид, ки сухан дар бораи кадом дараҷаи стратегия меравад. Барои ин корпорацияҳо се дараҷаи стратегия мавҷуд аст: стратегияҳои корпоративӣ, стратегияҳои корбарӣ ва стратегияҳои функсионалӣ (Расми 11.4).
Расми 11.4. Дараҷаҳои стратегия.
Ба интихоби стратегия омилҳои гуногун таъсир мерасонанд: сох- тори ташкилӣ, маданияти корпоративӣ, ҷараёни ташаккул, қабул ва татбиқи қарорҳои идоракунӣ, муҳтаво (таърихи рушди корпорация ва махсусиятҳои он) (Расми 11.5).
Стратегияи корпоративӣ ҳамчун сохтори мураккаб дар асоси зер- сохторҳои муҳими худ якчанд равандҳои фарзиявиро дорост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо