Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 11. АЛТЕРНАТИВАҲОИ СТРАТЕГИ ВА ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯҲО

Иттиҳодияҳо, ки барои ҳамкорӣ дар самти КИТТ ташкил шудаанд, нисбатан паҳнгардида мебошанд. Алҳол ба ин гурӯҳ аз ним зиёди ҳамаи иттиҳодияҳои стратегӣ дохил мешаванд.

Ду ширкати Тоҷикистон: «Индиго Тоҷикистон» ва «Сомонком» таҳти як бренд бо номи Tcell якҷоя шуданд, аммо онҳо ширкатҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ гуногун боқӣ монданд. Барои чӣ? Оё масъалаи муттаҳидшавӣ ба миён наомадааст?

Ширкати «Сомонком» назар ба «Индиго Тоҷикистон» пештар ташкил гардида, аз соли 1998 фаъолияти самаранок дорад ва дар шимоли мамлакат – вилояти Суғд аз ширкатҳои пешсаф ба ҳисоб меравад. «Индиго Тоҷикистон» соли 2001 аз ҷониби корпорасияи «МСТ» дар якҷоягӣ бо Фонди Ого Хон оид ба рушди иқтисодӣ ташкил гардида, фаъолияти худро то имрӯз дар пойтахт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ВМКБ ба роҳ монда, дар ин бозорҳо мавқеи назаррас дорад.

Ҳамин тариқ, тими автономии «Сомонком» дар вилояти Суғд ва тими «Индиго Тоҷикистон» дар пойтахт, НТҶ, вилояти Хатлон ва ВМКБ имконият доранд, ки ба эҳтиёҷоти мизоҷон фаврӣ муносибат намуда, онҳоро қонеъ гардонанд, дархост ва пешниҳодҳои онҳоро саривақт баррасӣ намоянд, ки ин тарзи муносибат саҳомонро пурра қаноатманд мегардонад.

Асосаш он аст, ки мо як стратегия ва як мақсад дорем. Аммо чаро ин ду ширкат муттаҳид намешаванд, то ки як ширкати калони пуркувватро ташкил намоянд? Гузашта аз ин, ҳудуди мамлакати мо начандон калон аст. Бренди ягонаи Tcell ин корро аллакай амалӣ намуд. Аммо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ масъалаи мазкур на танҳо баррасии пурраро тақозо менамояд, балки ҷойгиршавии ҷуғрофии минтақаҳои Тоҷикистон барои фаъолият намудани ду ширкат имконият медиҳанд. Сармоягузорони мо натиҷаҳои фаъолияти ширкатҳои моро дар ҳисоботи умумӣ мебинанд ва ин нишондиҳандаҳо хеле назаррасанд. Бояд қайд намуд, ки аз ин пас баъди ребрендинг, барои мо дастрасии муштарак ба Биллинг фароҳам меояд, ки кори моро сода гардонида, барои мизоҷони мо имкониятҳои бештарро таъмин месозад.

11.2. ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯҲОИ РАҚОБАТНОК
Тиҷорати махсусгардонидашуда ва стандартӣ

Ҳар як ширкат ба мисли ҳар як одам нодир аст. Рафтори вай дар бозор танҳо ба худи ӯ ва маҷмӯи идеяҳои стратегӣ вобастагӣ дорад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, интихоби стратегия бо қоидаҳои муайян роҳандозӣ мешавад,

пешина
аз 469
навбатӣ