Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ба иттиҳодияи стратегӣ на танҳо интиқолдиҳандагон ва мизоҷон, балки рақибон низ дохил мешаванд;
Дар доираи иттифоқи стратегӣ ҳамоҳангсозии мушмураки банақшагирии стратегӣ ва идоракунӣ амалӣ карда мешавад;
Иттиҳодияҳо барои рақобат таъсир мерасонанд: ширкатҳои якҷояшуда кӯшиши худро ба муқобили рақибони умумии худ равона менамоянд;
Иттиҳод, чун қоида, шахси ҳуқуқии мустақил шуда наметавонад;
Иттиҳодияҳои стратегӣ дар асоси кооператсияи байниширкатии амудӣ, инчунин байни ширкатҳои ба фаъолияти омехта сарукордошта ташкил карда мешавад;
Ширкатҳо метавонанд иштирокчиёни иттиҳодияҳои стратегии зиёд бошанд.

Шаклҳои иттиҳодияҳои стратегӣ
• Қарордоди функсионалӣ;
• Харидории мушмураки саҳмияҳо;
• Ташкил намудани корхонаҳои муштарак.

Мисолҳои иттиҳодияҳое, ки аз ҷониби ширкати Toshiba ташкил шудаанд

Toshiba боварии комил дорад, ки дар танҳоӣ ягон ширкат наметаво- над дар соҳа ва истифодаи самараноки технология мавқеи муайян пайдо намояд.
Муносибати корбарии Toshiba ба он равона гардидааст, ки дар ҳамкории муштарак бо ширкатҳои гуногун технологияҳои навро ташкил намояд. Иттиҳодияҳои стратегӣ яке аз ҷузъҳои асосии стратегияи кор- поративии ширкати мазкур ба шумор мераванд. Онҳо имконият доданд, ки ширкат дар соҳаи таҷҳизоти электронӣ дар миқёси байналмилалӣ яке аз ширкатҳои пешсаф гардад.
Дар аввалҳои солҳои 90-ум ширкат якчанд иттиҳодияҳои стратегӣ ва корхонаҳои муштаракро ташкил намуда, якчанд қарордодҳоро ба тасвиб расонид. Ҳамшарикони рушди ширкати мазкур дар соҳаи коркарди технологияҳои нав ва маҳсулоти нав ширкатҳои Apple Computers, Ericsson, GE, IBM, Microsoft, Motorola, National Semi Conductor, Samsung, Siemens, Sun Microsystems ва Thomson ба шумор мераванд, ки бо ин ширкатҳо дар самтҳои гуногун иттиҳодияҳои стратегӣ таъсис дода шуданд ва дар якҷоягӣ технологияҳои гуногунро истеҳсол намуданд.
Чунин ҳамкориҳои муштарак ба ширкат имконият доданд, ки дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол намояд.

пешина
аз 469
навбатӣ