Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 11. АЛТЕРНАТИВАҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯҲО

• Иттиҳодияҳо ба муддати муайян ташкил гардида, вақте ки зарурати якҷояшавӣ намемонад, онҳо аз байн мераванд;
• Иттиҳодияҳо барои рақобат таъсир мерасонанд: ширкатҳои якҷояшуда кӯшиши худро ба муқобили рақибони умумии худ равона менамоянд;
• Ин омил тарзи қонунии маҳдудгардидаи баромадан ба бозор аст.

Чор шакли гуногуни иттиҳодияҳои стратегиро қайд намудан мумкин аст:
• Иттиҳодияҳои саҳҳомӣ дар ташкилотҳои амалкунанда;
• Иттиҳодияҳои стратегӣ бо ташкили ширкатҳои нав (ташкилотҳои муштарак);
• Консорсиумҳо барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
• Иттиҳодияҳои дорои кооператсияи суст;

Аз рӯи нуқтаи назари фаъолияти иттиҳодияҳои стратегӣ иттиҳодияҳоро шартан ба се гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:
• Иттиҳодияҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои КИТТК;
• Иттиҳодияҳо оид ба ташкили истеҳсолоти муштарак;
• Иттиҳодияҳо оид азхудкунии муштараки бозор;

Расми 11.3. Раванди ташкили иттиҳодияҳои стратегӣ.

Хусусиятҳои иттиҳодияҳои стратегӣ:
• Ин қарордодҳои байни ширкатҳоеанд, ки аз амалиёти тиҷоратии худ дуртар мераванд, вале корро ба якҷояшавии ширкатҳо намерасонанд.
• Навъи мазкурӣ муттаҳидсозандаи хоҷагидорӣ дар хулосаи қарордодҳои шакли гуногундошта, аз ҷумла миёнамуҳлат, дарозмуддат, муштарак ва бисёрҷониба асос меёбад;

пешина
аз 469
навбатӣ