Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Иттиҳодияҳои стратегӣ

Иттиҳодияҳои стратегӣ (Strategic Alliance) — қарордод оид ба кооператсияи ду ва ё зиёда ширкатҳо аст, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои тиҷоратӣ ва ба даст овардани синергияи якҷоякунӣ ва пурракунии байниҳамдигарии захираҳои стратегии ширкат равона гардидаанд.

Иттиҳодияҳои стратегӣ шакли ояндадори ҳамгироии ширкат ба шумор мераванд. Маҳз онҳо дар солҳои 90-ум аз байни шаклҳои имконпазир зери таваҷҷуҳи ШФМ қарор гирифтанд. Пешгӯӣ карда мешавад, ки дар асри XXI онҳо ба василаи муҳими муборизаи рақоботак табдил меёбанд. Хулосаҳои иттиҳодияҳо яке аз роҳҳои зуд ва арзони татбиқи стратегияи глобалиро инъикос менамоянд.

Ба сифати махсусиятҳои иттиҳодияҳои стратегӣ инҳоро қайд намудан мумкин аст:
• Қарордодҳои байни ширкатҳое, ки аз амалиёти тиҷоратии худ дуртар мераванд, вале корро ба якҷояшавии ширкатҳо намерасонанд. Байни иттифоқҳои стратегии дар муносибатҳои дарозмуддати ҳамшарикони рушд асосёфта ва муносибатҳои ҳамшарикони рушд шакли қарордодӣ фарқиятҳои калон вуҷуд доранд, зеро ки шакли охирини ҳамкорӣ як вақти маҳдуд амал намуда, барои лоиҳаҳо ё мақсадҳои мушаххас истифода мешаванд. Одатан, муносибатҳои хусусияти қарордодидошта рушди муносибатҳоро дар оянда дар бар намегиранд;
• Навъи мазкури муттаҳидсозандаи хоҷагидорӣ дар хулосаи қарордодҳои шакли гуногундошта асос меёбад;
• Ба иттиҳодияи стратегӣ на танҳо интиқолдиҳандагон ва мизоҷон, балки рақибон низ дохил мешаванд;
• Дар доираи иттифоқи стратегӣ ҳамоҳангсозии муштараки банақшагирии стратегӣ ва идоракунӣ амалӣ карда мешавад;
• Иттиҳодияҳои стратегӣ дар асоси кооператсияи байниширкатии амудӣ, инчунин байни ширкатҳо ба фаъолияти омехта сарукордошта ташкил карда мешаванд;
• Иттиҳод, чун қоида, шахси ҳуқуқии мустақил шуда наметавонад;
• Ширкатҳо метавонанд иштироккунандагони иттиҳодияҳои стратегии зиёд бошанд;
• Иттиҳодияҳои стратегӣ тағйирёбанда буда, барои ҳамшарикони рушд озод мебошанд ва барои ояндабинӣ тамоюл доранд, нофаҳмӣ ва номуайянии муносибатҳоро нисбати шарикони рушд кам мегардонанд, устувориро дар таъмини захираҳо ва тақсимоти маҳсулот ва хизматрасониҳо зиёд менамоянд.

пешина
аз 469
навбатӣ