Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ба ғайр аз ин, аз рӯи ақидаи мутахассисон консепсияи ташкилкунандаи стратегияи корпоративӣ дар заминаи стратегияи ҷузъҳои асосӣ бо номи «салоҳияти асосӣ»-и ташкилот хеле самаранок ва ояндадор мебошад.

Ду нуктаи муҳимро қайд намудан зарур аст:

  1. Ду мантиқи иловагии қайдгардида ба мисли дигар мантиқҳои номбарнашуда аз се мантиқи пештар зикргардида худ ба худ бад ва ё хуб нестанд;

  2. Муносибати функсионалӣ нисбат ба дигар консепсияҳо маъмултар аст.

Бо дарназардошти мавқеъҳои дар боло зикргардида барои таҳияи стратегияи корпоративӣ ва идоракунии стратегӣ дар маҷмӯъ қайд намудан зарур аст, ки:

  1. аз рӯи натиҷагириҳои ниҳоӣ муносибати функсионалии маъмулӣ маҳдудиятҳои назарраси дохилиро доранд;

  2. аз ин лиҳоз, барои комёбиҳо дар муборизаи рақобатнок дар доираи ин ё он дурнамои стратегӣ муносибати функсионалии маъмулиро бо дигар равандҳои методологӣ ва тарзҳои амалкунандаи ташкили стратегияи самаранок пурра кардан лозим аст.

Дар чунин мазмун стратегияи корпоративӣ на танҳо имконпазир, балки самаранок ва натиҷадор мегардад.

Кофияти комил ё принсипи «алмоси Оккама»
барои стратегия

Ташкилотҳои мушаххаси тиҷоратӣ, ки дар ҳолатҳои гуногун амал мекунанд, хеле зиёданд.

Аз ин ҷо, интихоби ниҳоӣ, ҳам аз рӯи муносибати принсипиалӣ ва ҳам аз рӯи омилҳои мушаххасӣ бояд бевосита амалӣ карда шавад.

Бо дарназардошти ин интихоб чунин аст:

Якум, интихоб бояд дар заминаи таҳлили маҳз ҳолати мушаххаси Шумо асоснок бошад;

Дуюм, онро аз рӯи принсипи «Алмоси Оккама», яъне принсипи кофияти комил гузаронидан лозим аст.

Моҳияти принсипи нисбати ташкилоти Шумо истифодашаванда, дар ҳолати мушаххаси он дар он инъикос мегардад, ки интихоби муносибати мувофиқ ва василаҳо оид ба коркарди стратегияи Шумо, аз як ҷониб, бояд стратегияи комилан самаранокро таъмин созад, аз ҷониби дигар, аз рӯи мураккабӣ, хароҷот ва дигар омилҳо он бояд сода ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок бошад.

пешина
аз 469
навбатӣ