Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 11. АЛТЕРНАТИВАҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯҲО

Барои он ки он пурра бошад, бояд фикру ақидаи як қисми кормандон ва роҳбарияти сатҳи миёна ба инобат гирифта шавад. Дар ин маврид фикру пешниҳодҳои ҷасурона ва баъзан ғайрианъанавӣ самаранок мебошанд.
Ҳангоми ташкили алтернативаҳои стратегӣ бисёр вақт роҳбарон дар муқоисаи алтернативаҳои стратегӣ бо навъҳои стратегия ба хатоӣ роҳ медиҳанд. Навъҳои зерини стратегия бештар дар таҷрибаи байналмилалӣ паҳн гардидаанд:
стратегияи инкишоф;
стратегияи инкишофи маҳдуд;
стратегияи қатъ кардани фаъолият (аз тиҷорат рафтан);
усули якҷоякунӣ бо истифода аз стратегияҳои номбаршуда.
Аммо қайд намудан лозим аст, ки дар байни шаклҳои стратегия ва стратегияҳои алтернативӣ фарқияти калон мавҷуд аст. Маълум аст, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳо ташкилот вариантҳои гуногунро истифода менамояд. Аз ин лиҳоз, фарқияти асосӣ байни хелҳои стратегия ва стратегияҳои алтернативӣ дар натиҷаҳои ниҳоӣ, яъне расидан ба ҳадафҳои гузошташуда инъикос меёбад. Агар стратегия аз рӯи навъҳо тасниф карда шавад, пас онҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ равона карда мешаванд. Стратегияҳои алтернативӣ бошанд, дар ин вақт барои ноил гардидан ба як мақсади умумӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Ҷадвали 11.1. Алтернативаҳои стратегии ҷалби сармоя.

Нигоҳдории тиҷорат
Воситаҳои қарзӣ
Бартарӣ
Ба аз байн бурдани назорат намерасонад
Камбудиҳо
Зиёд намудани сарбории қарзӣ ва хароҷот оид ба хизматрасониҳои қарзӣ
Ҳаҷми эҳтимолӣ
то 3-4 EBIDA

Фондҳои сармояи бевосита
Сарчашмаи дастрас дар шароити мавҷуда
Ҳаҷми маҳдуд; маҳдудияти ҳуқуқи саҳмдорони мавҷуда
Россиягӣ — 30-100 млн. доллар; байналхалқӣ - аз 100 млн. доллар

IPO
Нигоҳдории назорат ва паст намудани сатҳи қарз
Ҳаҷми минималӣ 100-200 млн. доллар

Фурӯши тиҷорат
Фурӯши қисми тиҷорат
Баҳодиҳии тиҷорати бозор; воситаҳо барои рушди тиҷорати асосӣ; аутсорсинги имконпазир
Вобаста аз интиқол- диҳандагон
Вобаста аз активҳои фурӯхташаванда

Фурӯш ба сармо- ягузори стратегия
Илова ба баҳодиҳӣ дар муқоиса бо IPO ё фонд; ҷараёни нисбатан тез ва одӣ
Аз даст додани на- зорат; маҳдудияти дар оянда ширкатнома дар тиҷорати монанд
Ҳадди акалкунонии арзишҳо

Сарчашма PwC

пешина
аз 469
навбатӣ