Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
11.1. АЛТЕРНАТИВАҲОИ СТРАТЕГӢ
Ташкили алтернативаҳои стратегӣ
Мафҳуми алтернатива на танҳо дар менеҷменти стратегӣ васеъ истифода мешавад, балки дар идоракунӣ низ мавриди истифода қарор гирифта, бисёрвариантии сарчашмаҳои ҳамаи захираҳо, намуди маҳсулоти истеҳсолшуда, бозор ва тарзҳои азхудкунии он, мақсади ташкилот ва стратегияи дастовардҳои онҳоро мефаҳмонад.
Ташкили маҷмӯи стратегияҳои алтернативӣ барои ташкилоти мувофиқ ҷиҳати ноил гаржидан ба як мақсад, вале бо роҳҳои гуногун роҳандозӣ гардидаанд.
Ҷараёни ташкили маҷмӯи алтернативаҳои стратегӣ дар доираи системаи менеҷменти стратегӣ дар расми 11.1 нишон дода шудааст.
Расми 11.1. Ташкили маҷмӯи стратегияҳои алтернативӣ.
Ташкили стратегия ҳуқуқи роҳбарияти ширкат ба ҳисоб меравад. Аммо ин барои қабули қарори стратегӣ, яъне ба интихоби стратегия дохил мешавад. Вале ҳангоми ташкили маҷмӯи алтернативаҳои стратегӣ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо