Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 11. АЛТЕРНАТИВАҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯҲО

Моҳияти стратегия дар ташкили зудтари бартарии рақобатноки оянда аст, то ки рақибони Шумо он чизеро, ки Шумо истифода мебаред, нусхабардорӣ накунанд.
Гарри Хемел ва С.К. Прахалад

СТРАТЕГИЯҲОИ БУЗРГИ БИЗНЕС Ман соҳибкорам ва ба пул ҳамчун воситаи татбиқи стратегияи худ назар менамоям.
Дучархаро ихтироъ кардан лозим нест — бояд иқтисоди нав ва инноватсиониро дар такя ба бартариҳои рақобатнок ташкил намуд.
Михаил Прохоров - яке аз шахсиятҳои сарватманди Россия, соҳиби фонди инвеститсионии гурӯҳи ОНЭКСИМ

МУҚАДДИМА

11.1. Алтернативаҳои стратегӣ

  • Ташкили алтернативаҳои стратегӣ
  • Иттиҳодияҳои стратегӣ
    11.2. Интихоби стратегияи рақобатнок
  • Таҳлили вариантҳо ва интихоби стратегияҳо
  • Интихоби стратегия дар бозорҳои рақобат
    11.3. Қарорҳои стратегӣ ва хатарҳо
  • Мафҳуми қарори стратегӣ
  • Қабули қарорҳои стратегӣ
  • Хатарҳои стратегӣ

АРБОБОНИ БАРҶАСТАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИ

Баробаркунии системаи нишондодҳо доираи фарогири мақсадҳои ҳар як ширкатро аз доираи нишондиҳандаҳои молиявӣ дур месозад. Акнун роҳбар метавонад муайян намояд, ки ташкилот чӣ гуна ҷиҳати ташкили арзишҳо барои мизоҷони ҳозира ва оянда кор мекунад. Аз як тараф, барои васеъ намудани имкониятҳои дохилӣ, зиёд намудани маблағгузорӣ ба кормандон, системаи тиҷорат, аз ҷониби дигар, барои мукаммалгардонии фаъолияти худ дар оянда чӣ бояд кард.
Роберт Каплан — профессор дар Harvard Business School, бо коркарди ду муносибат — ABC ва BSC маъруф аст.

пешина
аз 469
навбатӣ