Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Ҳақиқатан ҳам, ширкати брокерии дигар низ ба чунин муваффақият ноил гашта метавонист. Ақидаи брокерии арзон ба ҳама дастрас буд, аммо танҳо Charles Schwab ба он боварӣ дошту халос. Масалан, Смит Барни, сарвари Merrill Lynch иброз дошт, ки савдои саҳмияҳо ба воситаи Интернет ягон натиҷаи хуб намедиҳад. Дар соли 1998 Merrill Lynch то ҳол такрор мекард, ки Интернет — мӯд буда, тезгузаранда аст ва ягон амалро дар ин самт иҷро намекунад.

Бо боварӣ ба он, ки ин самти маблағгузории бизнес бояд босуръат тараққӣ ёфта, бо роҳнамоии принсипҳои ширкат, аз он ҷумла тасарруфи технологияҳо, ихтирои бизнес аз сари нав ва беҳтаркунии хизматрасониҳои бетанаффӯс сарварони ширкат тавонистанд қарори фавриро оид ба табдилдиҳии самти стратегии бизнес ва онлайн хизматрасонии савдои саҳмияҳоро қабул намоянд.

Аз ибтидо Schwab ба муштариён ду маҳсулоти гуногунро пешниҳод намуд: мизоҷҳои нар барои ҳар як амалиёти савдоӣ 29,95 доллари ИМА пардохт карда метавонанд ва ё ҳисоби онлайни одӣ маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои ширкатро мекушояд. Кормандони бевосита бо харидорон муносибаткунандаи ширкат ҳис намуданд, ки мизоҷон дар низомҳои гуногун раҳгум шуда, хоҳиши истифодаи дастии пурраи хизматрасониҳо ва имконияти иҷрои амалиётро дар доираи 29,95 доллари ИМА-ро доранд. Пас Потрук ва Шваб, сарварони ширкат қарори қатъ намудани низоми гуногуни пардохт ва муттаҳид намудани e.schwab-ро ба фаъолияти боқимондаи ширкат қабул карданд.

Агарчи пешгӯиҳо нишон медоданд, ки дар натиҷаи чунин муттаҳидкунӣ ширкат қариб 125 млн долл. дар муддати соли аввал аз даст медиҳад, Потрук ва Шваб ин қарорро фаврии ва ба осонӣ бо тасарруфи принсипҳои роҳбарикунандаи ширкат қабул намуданд.

САВОЛҲО:

  1. Стратегияи дар ҳолати мазкур интихобшударо чӣ гуна номидан мумкин аст? Ҷавобро асоснок намоед, фарқияти дигар навъҳои стратегияро нишон диҳед.
  2. Шумо чӣ гуна мавқеи миссияи ташкилоти номбурдаро, ки комёбшавии татбиқи стратегияи тасвиршударо талаб мекунад, ташкил медиҳед?
  3. Ба ақидаи Шумо, кадом ташкилотҳо имкониятҳои берунаро барои татбиқи стратегияи интихобшуда истифода мебаранд? Доштани кадом захираҳои дохилӣ барои татбиқи вазифаҳои монанд зарур аст?
  4. Бартариятҳои рақобатноки ташкилоти мазкур дар чист ва оё он вуҷуд дорад?
пешина
аз 469
навбатӣ