Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
- Мақсадҳои стратегии ташкилот аз мақсадҳои молиявӣ бо чӣ фарқ мекунанд?
- Низоми нақшаҳо чиро ифода мекунад ва ба кадом гурӯҳҳо тақсим мешавад? Тартиби таҳияи нақшаи стратегиро тавсиф намоед.
10.6. КЕЙС-ВАЗЪИЯТ
CHARLES SCHWAB: РӮҲБАЛАНДӢ АЗ ШИРКАТИ ХУРД ТО ПЕШСАФИ ҶАҲОНӢ
Charles Schwab соли 1996 аввалин бор дар ҷаҳон, пештар аз рақибони иқтидорманди худ, хизматрасонии бемонеаи савдои саҳмияҳоро ба воситаи Интернет ташкил намуд. Баъди чор сол бо сармояи 51 млрд. доллари ИМА аз ширкати хурд ба ширкати бузургтарини ҷаҳон дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ мубаддал ва машҳур гашт.
Дар ибтидои солҳои 1990-ум Charles Schwab ширкати одию хурди брокерӣ бо чор нафар буд. Дар охири соли 1994 Чарлз Шваб, асосгузор ва раиси шӯрои директорон ва Дейв Потрук, президент ва сарвари ширкат боварии қатъӣ доштанд, ки савдои саҳмияҳо ба воситаи Интернет ба бизнеси бузург мубаддал гашта, мега-лоиҳаи Hawk-ро ташкил медиҳад. Ҳақиқатан ҳам, Charles Schwab бо суръат тараққӣ ёфта, дар моҳи майи соли 1996, баъди якчанд моҳ пас аз оғози лоиҳаи e.schwab, аввалин дар ҷаҳон ба бозори хизматрасонии савдои саҳмияҳо дар тартиботи онлайн баромад. Дар муддати ду ҳафта зиёда аз 25 ҳаз. нафар одамон муштарии ин хизматрасонӣ шуда, нақшаи солонаи ширкатро афзун намуданд.
Бо сабаби бо суръати баланд ин хизматрасонии нав ба бозор баромадан Charles Schwab ба зудӣ даромадҳои зиёдро ба даст овард. Дар аввалҳои соли 2000-ум ширкат қариб 25%-и бозорҳои савдои саҳмияҳои амрикоиро назорат мекард. Ҳар як хариду фурӯши чоруми саҳмияҳо дар ИМА бо Charles Schwab амалӣ мегашт. Веб-сайти ширкат дар рӯзҳои серқотарин ташрифи бештар аз 80 млн. нафар одамро ба қайд мегирифт. Зиёда аз 3 млн. муштариҳои бақайдгирифтанашуда аз хизматрасонии ширкат истифода намуда, гардиши савдоиро дар як ҳафта ба 10 млн. доллари ИМА расониданд. Дар соли 1999 сармояи ширкат ба 51 млрд. доллари ИМА расида, дар соли 2000-ум сармояи ширкат аз ширкати Merrill Lynch афзуда, Charles Schwab дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ яке аз ширкатҳои бузургтарин дар ҷаҳон гардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо