Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

таҳдидҳои муҳити беруна; стратегияи нигоҳдорӣ, мустаҳкамкунӣ ва истифодаи тарафҳои пуркуввати ташкилот, стратегияи барҳамдиҳии тарафҳои зайфи он.

  1. Давраҳои муҳими таҳияи стратегия бо муайянкунии фалсафаи ташкилот алоқаманд буда, ташаккули миссия ва рушд, инчунин муайянкунии мақсадҳоро пешбинӣ мекунад. Миссия мафҳуми расмӣ буда, таъйиноти бизнес, мақсадҳои асосии онро инъикос карда, алоқамандии тасвир ва ақидаи онро ифода мекунад. Инкишофи бизнес, арзишҳои меҳварӣ, самтҳои асосӣ ва мақсадҳои стратегии ба оянда дахлдошта ва муҳиммияти худро ҳангоми комёбнавӣ гумкунанда ба вазъи ташкилоти дилхоҳ дохил мешаванд.

  2. Мақсад ин ҳолати ниҳоӣ ва натиҷаи дилхоҳест, ки ҳар як ташкилот барои комёбшавӣ кӯшиш мекунад. Барои муайян намудани мақсад ба меъёрҳои зерин такя кардан зарур аст: мушаххасӣ, андозагирӣ, имконпазирӣ, муҳиммият ва муайянкунӣ дар вақт.

  3. Нақшаи стратегии ташкилот маҷмӯи мақсад ва воситаҳои комёбшавӣ ба онҳо буда, вобаста ба тағйироти муҳити беруна ва дохилӣ ислоҳ карда мешаванд. Мақсади таҳияи нақшаи стратегӣ аз муайян намудани бартарии шаклҳои гуногуни фаъолияти (лоиҳаҳо) ташкилот иборат мебошад. Вобаста ба муносибати маҷмӯи чор гурӯҳи нақшаҳои ба ҳам алоқамандро ҷудо кардан мумкин аст: нақшаҳои стратегии асосӣ; нақшаҳои тактикӣ; нақшаҳои фаврӣ; барномаҳо ва нақша-лоиҳаҳо.

  4. Тартиби таҳияи нақшаи стратегии ташкилот пайдарпаии зеринро нишон медиҳад: ташкили мақсадҳои дарозмуддати рушд; асосноккунии консепсияи дарозмуддати рушд; муайянкунии пешгӯии дарозмуддати рушд ва асосноккунии самт ва нишондиҳандаҳои нақшаи стратегии рушд, ҳамчунин бизнес-нақшаҳо ва ё лоиҳаҳои соҳибкорӣ.

10.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Раванди коркарди стратегия кадом давраҳоро дар бар мегирад?
  2. Давраҳои «Банақшагирии стратегӣ»-ро чӣ муттаҳид месозад?
  3. Таҳлили маҷмӯӣ бо кадом восита амалӣ мегардад?
  4. Фалсафаи ташкилот чиро ифода мекунад ва ҷузъҳои асосии он кадомҳоянд?
  5. Миссияи ташкилот чист ва он чӣ гуна ташаккул меёбад? Мисолҳои миссияи ташкилотҳои маъмултаринро баён кунед.
  6. Мафҳуми «рушд»-и бизнес чиро ифода мекунад, таркиб ва тағйирёбии он чӣ гуна аст?
  7. Дар ташаккули мақсадҳо кадом меъёрҳо истифода мешаванд?
пешина
аз 469
навбатӣ