Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 10. ТАШАККУЛИ СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ
• муайян намудани бозорҳои пуриқтидор ва вазъияти онҳо;
• тағйирёбии талаботи сифатӣ дар мол ва хизматрасониҳо;
• сатҳи даромадҳои аҳолӣ ва самти истифодабарии онҳо (ҳамчун омили рушд);
• тағйирёбии муҳити дохилӣ;
• афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва фурӯши молу хизматрасониҳо;
• тағйирёбии сифатӣ ва миқдории захираҳои мавҷуда;
• қобилияти рақобатнокӣ ва устувории ташкилот.
Пешгӯии моделҳои трендӣ ва меъёрҳои мақсаднок бо истифода аз моделҳои иқтисодию риёзӣ, тақлидӣ ва шабакавӣ амалӣ мегарданд.
Вазифаҳои амалии моделсозӣ чунинанд:
• таҳлил ва пешгӯии ҳолатҳои иқтисодии дохили ташкилот ва берун аз ҳудуди он;
• таҳлил ва пешгӯии бозори фурӯш ва таъминоти моддию техникӣ;
• тайёр намудани қарорҳои нақшавӣ вобаста ба фаъолияти минбаъдаи ташкилот.
Ҳар як усул тарзи пешгӯии худро пешниҳод намуда, дар охир аз нуқтаи назари имкониятҳои рушди ташкилот бо усулҳои гуногун муқоиса, таҳлил, баҳодиҳӣ, дараҷаи идоракунии нишондиҳандаҳои пешгӯӣ муайян карда мешаванд. Усулҳои пешгӯӣ бояд на камтар аз сето бошанд: минималӣ, максималӣ ва нисбатан эҳтимолӣ.
Пешгӯиро вобаста ба муҳлат, зиёдкунии давраҳои нақшаи дарозмуддат (стратегӣ) таҳия намудан мақсаднок аст.
Давраи 4-ум. Коркарди нақшаи дарозмуддат баҳодиҳӣ ва интихоби усулҳои нисбатан самаранок ва дурандешонаи пешгӯӣ ва муайянии онро тахмин мекунад. Дар нақшаи дарозмуддат мақсад ва стратегияҳо дар нишондиҳанда ва вазифаҳои нақшавӣ (дар шакли калон кардашуда, аксаран дар бузургиҳои интиҳои) инъикос мегарданд.
10.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР
-
Раванди коркарди стратегӣ пайдарпайии зерини давраҳои асосиро дар бар мегирад: таҳлили маҷмӯӣ, ташаккули стратегия, алтернативаҳои стратегӣ ва интихоби стратегия, нақшаи стратегияи амалиёт, татбиқ ва назорат.
-
Таҳлили маҷмӯии омилҳои стратегии муҳити дохилӣ ва беруна ин таҳлили ҷиддии имкониятҳо, таҳдидҳо (тамоюлҳои мусбӣ ва манфӣ, ҳодисаҳои муҳити берунаи шароити фаъолиятро хуб ва ё бадкунанда) ва таҳлили тарафҳои пуркуввату заифи ташкилот мебошанд. Стратегияи генералии ташкилот аз самтҳои зерин таркиб ёфтааст: стратегияи истифодаи имкониятҳои муҳити беруна; стратегияи бартараф намудани

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо