Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
гузошташуда дар асосноккунонии концепсия се шарти асосиро пешбинӣ менамояд:
устувории муносибатҳои иқтисодии муҳити дохилӣ ва берунаи ташкилот;
самаранокии фаъолияти ташкилот дар ҳама давраҳои рушд;
навоварии самтҳои стратегӣ.
Ин шартҳои муайянкунандаи концепсияи рушди ташкилот ба се нуқтаи назар асос меёбанд:
камкунии хароҷот барои истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоту хизматрасонӣ, дар ин асос ташкил намудани бартариҳои рақобатнокӣ, хусусан барои ташкилот стратегияи нистабан нозук ба шумор меравад;
сатҳи баланди маҳсулгардонӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани тавсифҳои сифатии маҳсулот ва хизматрасонӣ, қайд намудани хизматрасонӣ ва ё маҳсулоти асосӣ бо диверсификатсияи минбаъдаи хизматрасониҳои муштарак ва иловагӣ, гардиш ва фурӯши мол ва хизматрасониҳо;
нишонагирӣ танҳо ба як сегменти бозор, омӯзиши талаботи он ва маҳсулгардонӣ барои беҳтар қонеъгардонии он.
Аз ин бармеояд, ки чор гурӯҳи асосии стратегияҳои тахминӣ ҷудо карда шудааст:
стратегияи рушди якҷоя нақшаи таҳкими мавқеъро дар бозор; ҷустуҷӯи бозорҳои нав барои мол ва хизматрасониҳои мавҷуда; такмилдиҳии маҳсулот ва хизматрасонӣ барои фурӯш дар бозорҳои мавҷударо дар бар мегирад;
стратегияи рушд аз ҳисоби тавсеаи сохтор (рушди ҳамгироӣ) муттаҳидшавии уфуқии ташкилот бо як сегменти бозор, истеҳсолот ва ё фурӯш (ташкили шабакаҳои ташкилот бо як самт); муттаҳидкунии амудӣ оид ба занҷираи истеҳсолот-тақсимот-фурӯш, дар шароитҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ амалишаванда; муттаҳидшавии ташкилотҳои мухталифи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо мақсади диверсификатсияи навъҳои фаъолиятро дар бар мегирад;
стратегияи рушди диверсификатсионӣ аз ҳисоби истеҳсоли мол ва хизматрасониҳои нав;
стратегияи ихтисоркунӣ нақшаи барҳамдиҳӣ мебошад, яъне ташкилот тиҷорати бизнеси мавҷударо пеш бурда наметавонад, бинобар ин онро пурра ва ё қисман мефурӯшад.
Давраи 3-юм. Таҳияи пешгӯиҳои дарозмуддати рушди ташкилот (на бештар аз се вариант). Пешгӯии рушди ташкилот бо назардошти тағйироти муҳити беруна, ки маҳакҳои зеринро тахмин мекунанд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо