Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Барои назорати самаранок ва баҳодиҳии иҷроиш чунин нақшаҳо ба муҳлати аз 1 моҳ то 1 сол таҳия карда мешаванд.
- Барнома ва нақша-лоиҳаҳо тавсифи мақсаднок дошта, ба он таҳминан барномаҳои коркарди маҳсулоти нав, воридшавӣ ба бозорҳои нав, гузаронидани маъракаи реклама, паст намудани хароҷот дар истеҳсолот, дигаргунсозии истеҳсолот, сарфаи захираҳои барқӣ ва ғайра дохил мешаванд. Барномаҳо, дар навбати худ, ба лоиҳаҳои аниқи бо хароҷоти муайян тавсифшуда ва бо маблағгузории самаранок муайянгашта мустаҳкам карда мешаванд.
Чӣ хеле ки маълум гашт, системаи нақшаҳои ташкилот тавсифи маҷмӯй, пай дар пай, алоқаманд ва ҳамзамон алоҳида доранд. Ҳар як субъекти хоҷагидорӣ сохтор, мундариҷа, шакли нақшаҳо, инчунин муносибат ва усулҳои асосии коркард ва татбиқи онҳоро мустақилона муайян мекунад. Аз ин лиҳоз, истеъмолкунандаи ягонаи худи ташкилот ба шумор меравад. Танҳо бизнес-нақшаҳои дар сатҳи СВБ бо мақсади ҷалби маблағгузорон ва ё шарикони стратегӣ тартибдодашуда истисно мебошанд.
Тартиби таҳияи нақшаи стратегӣ
Таҳияи нақшаи стратегӣ тартиби зеринро дар бар мегирад:
ташаккули мақсадҳои дарозмуддати рушди ташкилот ва то вазифаҳои маҷмӯи васеъкунии он;
асосноккунии концепсияи рушди дарозмуддати ташкилот, таъминкунандаи комёбӣ ба мақсадҳои гузошташуда;
муайян намудани пешгӯии дарозмуддати рушди ташкилот ҳангоми вариантҳои гуногуни тағйирёбии муҳити беруна ва имкониятҳои иқтидори дохилӣ;
асосноккунии самт ва нишондиҳандаҳои нақшаи стратегии рушди ташкилот бо дохилкунии бизнес-нақшаи лоиҳаҳои маблағгузорӣ ва соҳибкорӣ.
Давраҳои мазкурро ба таври муфассал дида мебароем.
Давраи 1-ум ташаккули мақсадҳои дарозмуддати рушди ташкилот хеле муҳим мебошанд, бинобар ин натиҷаҳои фаъолияти ташкилот дар асосноккунонии мақсадҳо муассир гашта, нишонаҳо ва миссияи умумии ташкилотро ташкил медиҳанд.
Идоракунии ояндадори бизнес муайян мегардад.
Давраи 2-юм асосноккунонии концепсияи рушди дарозмуҳлат. Консепсия чун системаи нуқтаҳои назар барои рушди ташкилот ба имконият ва хатарҳои оянда асос ёфта, ба иқтидори захиравии оянда (технологияҳо, техника, ҳайати кормандон ва ғайра) такя мекунад. Татбиқи мақсадҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо