Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Ҷараёни ташкили маҷмӯи алтернативаҳои стратегӣ панҷ қисмати зермарҳилаҳоро дар бар мегирад:

  1. Ташкили алтернативаҳои истифодаи имкониятҳо;
  2. Ташкили алтернативаҳои бартараф намудани хатарҳои муҳити беруна;
  3. Ташкили алтернативаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи ҷонибҳои пурқуввати ташкилот;
  4. Ташкили алтернативаҳои бартараф намудани ҷонибҳои зайфи ташкилот;
  5. Таҳлили сифатноки маҷмӯи алтернативаҳои стратегӣ.

Дар фарқият аз зермарҳилаҳои якум, таҳлили сифатнок аз ҷониби роҳбарият гузаронида шуда, дар заминаи он қарорҳои зарурии мақсаднок қабул карда мешаванд. Барои ин маҷмӯи қаблии алтернативаҳои стратегӣ бояд дар мувофиқаи омилҳои муайян таҳлил карда шаванд:

  1. Миқдори стратегияҳои алтернативӣ: миқдори вариантҳои ноил гардидан ба мақсадҳо, ки ба доираи маҷмӯи стратегияҳои алтернативӣ дохил мешаванд, маҳдуд нестанд. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин маҷмӯъ ҳар қадаре, ки стратегия зиёд бошад, ҳамон қадар ташкилот камтар ба вариантҳои ногувор дохил мешавад.
  2. Пуррагии маҷмӯи алтернативаҳо: бояд муайян намуд, ки то кадом андоза рӯйхати алтернативаҳои пешниҳодшуда ба охир расидааст, эҳтимолияти кадоме аз алтернативаҳо мушоҳида нашуда мондааст;
  3. Мустақилияти стратегияҳои пешниҳодшуда: вариантҳои алтернативӣ аз якдигар вобастагӣ надоранд, дар акси ҳол ин қоидаи алтернативиро вайрон месозад;
  4. Мувофиқатии стратегия ба мақсадҳои гузошташуда: алтернативаҳои пешниҳодшуда бояд мушаххасан барои ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда равона шуда бошанд;

Натиҷаи ниҳоии таҳияи стратегияҳои алтернативӣ бояд ба маҷмӯи алтернативаҳо ҷавобгӯ бошад, ки дар ҷадвали 11.2 оварда шуда, роҳҳои эҳтимолии ҳадафрасиро инъикос менамояд.

Таҷрибаи идоракунии стратегӣ нишон медиҳад, ки марҳилаи ташкили маҷмӯи алтернативаҳо аз марҳилаи интихоби яке аз онҳо ҷудо намудан мушкил аст. Дар таҷриба ҳар ду марҳила дар як вақт амалӣ мешаванд ва ба мушкилӣ барои аз якдигар ҷудошавӣ майл доранд. Мисоли ташкили алтернативаҳои стратегии рушди ташкилот дар расми 11.2 бо тарзи схемавӣ оварда шудааст.

пешина
аз 469
навбатӣ