Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Ҷадвали 10.2. Мақсадҳои стратегӣ ва молиявии ташкилот.

Мақсадҳои молиявӣ

  • Афзоиши даромаднокӣ
  • Афзоиши фоида
  • Зиёдшавии дивидендҳо
  • Баландшавии маҳсулнокӣ
  • Афзоиши даромаднокӣ нисбат ба сармоягузорӣ
  • Таъмини нишондиҳандаҳои қаноатбахши арзиши изофаи иқтисодӣ
  • Баланд бардоштани эътимодияти коғазҳои қиматнок ва беҳтар кардани таърихи қарзии ширкат
  • Зиёд кардани воридоти пулӣ
  • Баланд бардоштани нархи саҳмияҳо
  • Мавқеи устувори молиявии ширкат дар бозорҳои байналмилалӣ
  • Баланд бардоштани дараҷаи диверсификатсияи даромаднокӣ
  • Даромаднокии устувор дар давраи таназзули иқтисодӣ
  • Инкишофи қаноатбахш ва устувори арзиши изофавии бозорӣ

Мақсадҳои стратегӣ

  • Зиёдкунии ҳиссаи бозор
  • Ихтисори давраи истеҳсоли моли нав аз коркард то барориш ба бозор
  • Афзалият нисбати рақибон дар сифати молҳо
  • Афзалият нисбати рақибон дар хароҷот
  • Афзалият нисбати рақибон дар навъи молҳо
  • Афзалият бар рақибон дар ташкили фурӯш тавассути Интернет
  • Интиқол дар муҳлати муайян
  • Афзалият бар рақибон дар оммавӣ будани тамғаи савдоӣ
  • Афзалият нисбати рақибон дар хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон
  • Афзалият нисбати рақибон дар тақсимоти ҳаматарафаи мол ва имкониятҳои гардиши мол
  • Пешсафӣ дар фаъолияти технологӣ ва ё навоварӣ
  • Афзалият нисбати рақибон дар иҳотаи ҷуғрофӣ
  • Афзалият нисбати рақибон дар сатҳи қаноатгардонии истеъмолкунандагон

Ҷадвали 10.3. Мисолҳои ифодаи мақсадҳо.

Ширкат
Мундариҷаи мақсадҳо

McDonald’s Комёб шудан ба қаноатгардонии ҳамрӯзаи мизоҷҳо дар ҳар як тарабхона ба сатҳи 100%.

Apple Computer Пешниҳоди технологияҳои беҳтарин барои компютерҳои шахсӣ ва ба шумораи зиёди одамон расонидани онҳо.

General Electric Ширкати рақобатпазир дар ҷаҳон шуда, ҳар яке дар соҳаҳои фаъолияти худ ба ҷои якум ва ё дуюм баромадан.

пешина
аз 469
навбатӣ