Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 10. ТАШАККУЛИ СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ
Дар назарияи банақшагирии муосир қабули ҳашт фазои асосӣ ва ё соҳаи асосии фаъолият дар доираи ҳар як ташкилот, ки мақсадҳои асосии он муайян мегарданд, қайд карда мешавад. Ин мавқеъ дар бозор, фаъолияти навоварӣ, сатҳи истеҳсолот, мавҷудияти захираҳои истеҳсолӣ, дараҷаи устуворӣ, низоми идоракунӣ, касбияти ҳайати кормандон ва масъулияти иҷтимоиро дар бар мегирад. Дар доираи ин соҳаҳо мақсадҳои асосӣ ҳамчун даромаднокӣ, устувории молиявӣ, инкишофи ҳиссаи бозор, тадқиқот ва коркардҳои илмӣ, таъминоти захиравӣ, диверсификатсия, маҳсулнокӣ, сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ, некуаҳволии кормандон, рушди низоми менеҷмент, табдилӣ ба ширкати байналмилалӣ ва ғайра ҷудо карда мешаванд.
Умуман, ду шакли мақсадҳо: молиявӣ ва стратегӣ вуҷуд дорад. Мақсадҳои молиявӣ ҳатмианд, бо сабаби норасоии онҳо ширкат барои рушди минбаъда бе захираҳои зарурӣ монда, инкишофи он суст мегардад.
Мақсадҳои молиявӣ зиёдшавии чунин нишондиҳандаҳо, ба монанди ҳаҷми даромаднокӣ, маблағсупорӣ, ҷараёни воситаҳои нақдӣ, андозаи қарз ва дивидендҳоро пешбинӣ мекунад. Расидан ба мақсадҳои муайяни стратегӣ аз комёбӣ ба нишондиҳандаҳои муайяни молиявӣ муҳимтар нест.
Мақсадҳои стратегӣ ба таҳкими мавқеи рақобатнокии ширкат дар бозор равона шудааст. Воридшавӣ ба бозорҳои хориҷӣ, истифодаи технологияи пешқадам ва рушди имкониятҳои гуногуни пешравӣ мақсадҳои стратегӣ ба шумори мераванд.
Истифодаи ифодаи мақсадҳои стратегӣ ва молиявии ташкилот дар ҷадвали 10.2 оварда шудаанд.
Танҳо миссияи воқеӣ ва мукаммал таҳиягардида метавонад мақсадҳои асоснокро муқаррар намояд. Ягон чиз аз муқаррароти худсаронаи мақсадҳои миқдории ташкилот, ки талафоти он бешумор мешаванд, хатарноктар буда наметавонад. Бинобар ин, дар аксар ҳолатҳо мақсадҳоро ҳамчун ақида дар инкишофи мафҳуми «сифатӣ» маънидод мекунанд.
10.3. БАНАҚШАГИРИИ ТАҲИЯИ СТРАТЕГИЯ
Нақшаи стратегияи амалиёт
Давраи марказии раванди коркарди стратегия банақшагирӣ буда, ба он интихоби корпоративӣ, қабули шарикони рушд, ташкили стратегияҳои функционалӣ ва вазифагузорӣ доир ба функцияҳои асосӣ дохил мешаванд.
Бинобар ин, ба танзим даровардани мақсад ва вазифаҳои стратегӣ ба шакли нақшаҳо, ворид намудани тағйироти муносиб ба сохтори ташкилӣ, бо рақамҳо тасвир кардани тақсимоти захираҳои молиявию иқтисодӣ дар нақша-буҷаҳо зарур аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо