Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Ҳангоми ташаккули мақсадҳо дар хотир бояд дошт, ки онҳо бояд панҷ меъёрро, ки аксаран SMART-меъёр номида мешаванд, қонеъ гардонанд:
-
Мушаххасӣ (Specific). Мақсадҳо бояд мушаххас ва барои кормандон фаҳмо бошанд. Мафҳуми «баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилот» аз байн бардошта мешавад, зеро дар ин ҳолат чӣ будани самаранокӣ ва то кадом андоза баланд намудани он муайян нест;
-
Андозашаванда (Measurable). Агар мақсадҳо андозагирӣ кардан мумкин набушад, дастовардҳои он назорат карда намешавад, аз ин рӯ, ҳангоми тасдиқи нишондиҳандаҳо ҳамчун маҳаки мақсад бояд онҳо ба ҳисоб гирифта шаванд;
-
Татбиқшаванда (Achievable). Мақсадҳо бояд ба кори пуршиддат ва самаранок роҳандозӣ намоянд. Дар ин маврид онҳо ба имконият ва талошҳои ширкат бояд мувофиқат намоянд;
-
Аҳамиятнокӣ (Relevant). Ҳангоми интихоби нишондиҳандаҳои мақсаднок бояд аз нуқтаи назари муҳим будан онҳоро баҳогузорӣ намуд ва ҳамеша оид ба истифодаи мақсадноки онҳо андеша намуд;
-
Муайянии вақт (Timed/Timed-hound). Дастоварди мақсадҳо бояд доимо бо вақт алоқамандӣ дошта бошанд.
Чӣ тавре ки Ансофф қайд менамояд, «мақсадҳо василаи идоракунӣ мебошанд ва истифодаи самараноки гуногунро дар бар мегиранд». Ҳангоми ба амал омадани муаммоҳои мавҷуда онҳо барои дар ҳама сатҳҳои ташкилӣ муқаррар намудани стандарт ва самтҳои корбарӣ, инчунин барои муқаррар намудани ҳавасмандиҳои маҳсунокӣ ва барои назорат мусоидат менамоянд.
Дар ҳолати ба амал омадани мушкилиҳои маъмурӣ онҳоро барои муайян намудани камбудиҳо дар сохтори ташкилӣ истифода бурдан мумкин аст. Аз рӯи нуқтаи назари мо, ҳангоми ба амал омадани муаммоҳои стратегӣ мақсадҳо барои қабули қарорҳо оид ба тағйироти ба амалоянда нисбати молу маҳсулот истифода мешаванд.
Вазифа дар он хулосабардорӣ карда мешавад, ки намунаи тақсимоти захираҳо, ки ба ширкат барои бо роҳҳои самаранок ноил гардидан ба мақсадҳоро ифода менамояд, таҳия намудан зарур аст.
Мақсадҳои банакшагирифташуда кӯтоҳ ва дарозмуддат шуда метавонанд. Мақсадҳои аввал барои фавран ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ равона шуда, мақсадҳои дуюм барои устувор намудани мавқеи ширкат ва дар оянда дар муҳлати дуру дароз беҳтар намудани нишондиҳандаҳои корӣ имконият медиҳанд. Чун қоида, мақсадҳои дарозмуддат бештар афзалият доранд ва натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо