Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 10. ТАШАККУЛИ СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ
№ | Номгӯи ташкилот | Ифодаи миссия
--- | --- | --- 1 | Compaq Computer | Дар ҳамаи сегментҳои бозор дар интиқоли компютер ва манбаъҳои онҳо таҳвилгари пешсаф гардидан.
| Eastman Kodak | Дар тасвири кимиёвӣ ва барқӣ пешсафи ҷаҳонӣ шудан 2 | Long John Silver's | Дар шабакаи тарабхонаҳои амрикоии хизматрасонии тезтайёр беҳтарин шудан. «Ба ҳар як мизоҷи худ мо та- оми хуштаъмтарин ва солим бо нархи дастрас пешниҳод менамоем. Моҳӣ, маҳсулоти баҳрӣ, чӯҷабирёнро бича- шед. Ба Шумо зуд ва бо табассум хизмат мерасонанд».
3 | Avis Rent-a- Car | Мо бо иҷораи мошинҳо машғулем. Таъйиноти мо аз пурра гардонидани дархости муштариён иборат аст.
4 | American Red Cross | Миссияи мо беҳтар намудани шароити зисти одамон, ғамхорӣ, барои аз ҳолатҳои ногувор худдорӣ намудан ва аз уҳдаи он баромадан кумак расондан аст.
5 | Public Service Company of New Mexico | Миссияи мо кор ба манфиати инсон аст. Мо ба фармо- ишгарон бо мақсади беҳтар қонеъ намудани эҳтиёҷоти онҳо дар соҳаи қувваи барқ ва ахборотдиҳӣ доир ба барқ хизмат мерасонем.
Муайян намудани мақсадҳои ташкилот
Дуруст муайян намудани мақсадҳо шарти пешакии таҳияи ҳамаҷонибаи стратегияи идоракунӣ дар сатҳи дилхоҳ мебошад. Танҳо бо огоҳӣ аз мақсад роҳҳо ва воситаҳои татбиқи онҳоро ҷустуҷӯ кардан мумкин аст.
Мақсаде, ки соҳибкор дар назди худ мегузорад, бо мақсади куҳнавард наздик аст: аз рӯи имконият расидан ба қуллаи баландтарин. Барои ин, аввалан, қулларо муайян кардан зарур аст (мақсад ва миссия). Он бояд ба қадри кофӣ баланд бошад, имкониятҳо ба душвориҳои беруна мутобиқат намоянд, зарурати Бартарафкунӣ ва сипас коркарди стратегияи тобеъ- кунии ин қулла иҷро карда шавад.
Мақсад барои таҳияи самти фаъолият ва пешрафти ширкат хизмат мерасонад. Мақсадҳо дар соҳаҳои зерини фаъолият муқаррар карда мешаванд: рақобат ва иштирок дар бозор; афзоиши даромад; пешниҳоди маҳсулот ба истеъмолкунандагон ва бозорҳои мақсаднок; маркетинг ва фурӯш; истеҳсолот ва меҳнат; тақсимоти фоида; тадқиқот ва коркард; натиҷаҳои истеҳсолот; молия ва назорат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо